Jump to content

Эмомалӣ Буризода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Эмомалӣ Бозор Буризода
Эмомалӣ Бозор Буризода
Таърихи таваллуд 26 март 1968(1968-03-26) (56 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Рӯдакӣ
Кишвар  Тоҷикистон
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илм
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ

Эмомалӣ Бозор Буризода (тав. 26.03.1968, н. Рӯдакӣ) — ҳуқуқшинос, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ (1998), доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ (2009), профессор (2018).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Эмомалӣ Бозор Буризода солҳои 1988-1993 таҳсилро дар шуъбаи ҳуқуқи факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ давом дода, онро соли 1993 бо дипломи аъло хатм намудааст. Аз соли 1993 ба сифати ходими хурди илмии шуъбаи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1993-1996 аспиранти ҳамин шуъба, аз моҳи марти соли 1998 ҳамчун ходими калони илмӣ ва аз декабри соли 1998 ҳамчун мудири шуъбаи давлат ва ҳуқуқ то соли 2006 кор карда, баъдан то моҳи апрели 2011 ба сифати муовини директори Институти навтаъсиси давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ҳамзамон мудири шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институт шуда кор кардааст. Аз моҳи апрели соли 2011 инҷониб ба сифати мудири шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият дорад. Аз соли 1998 ба ин сӯ ба ҳайси омӯзгор, дотсент ва профессори кафедраи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ иҷрои вазифа дорад.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар мавзуи «Ташаккул ва рушди ниҳодҳои давлатдорӣ дар Тоҷикистони тошуравӣ» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст (2009).

  • Действие мусульманского права в дореволюционном Таджикистане (VIII – начало XX вв.). Д., 1999;
  • Таърихи давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон. Қисми 1. Д.,(2000. 114 с.);
  • Таърихи афкорӣ сиёсӣ ва ҳуқуқӣ. Д., 2002;
  • Масоили умумии назарияи ҳуқуқ ва давлат. Д., 2003;
  • Некоторые проблемы правового статуса должностних лиц и правових институтов дореволюционного Таджикистана. Д., 2005;
  • Методические рекомендации и программа дисцыплины «История политических и правових учений» для студентов юрид. факультета РТСУ. Д., 2005;
  • Таърихи давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон. Қисми аввал. Д., 2007;
  • История государства и права. Т. 1, часть 1-2. Д., 2007;
  • Таърихи давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон барои донишҷӯёни факултаи ҳуқуқшиносӣ.Д.,2008;
  • Становление и развитие институтов государственности на территории Таджикистана (досоветский период). Д., 2008;
  • Судебние институтигосударственности. Д., 2010;
  • Таърихи давлат ва ҳукуқи Тоҷикистон. Қисми аввал. Д.,2020.

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ