Юнус Бобоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Юнус Бобоев
Юнус Бобоев
Таърихи таваллуд: 1920(1920)
Зодгоҳ: ноҳияи Панҷакент, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Тахрихи даргузашт: 1994(1994)
Маҳалли даргузашт: Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар:  Тоҷикистон
Фазои илмӣ: таърих
Ҷойҳои кор: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Алма-матер: Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко
Ҷоизаҳо: «Муаллими хизматнишондодаи мактаби ҶШС Тоҷикистон», орденҳои «Ҷанги Бузурги Ватанӣ», «Александр Невский»

Юнус Бобоев (тав. 1920, ноҳияи Панҷакент – ваф. 1994, ш. Душанбе), муаллими фанни таърихи сиёсӣ, иштирокчии Ҷанги Бузури Ватанӣ.

Зиндагинома[вироиш]

Солҳои 1939–1940 муаллим ва директори мактаби ибтидоии ноҳияи Панҷакент, 1941–1946 афсари Артиши Шӯравӣ, 1947–1948 инструктори шӯъбаи ташвиқотии ҳизби коммунистии вилояти Сталинобод, 1948–1950 шунавандаи мактаби ҳизби коммунистии назди КМ ҲК Тоҷикистон, 1950–1956 муаллими таърихи ҲКИШ-и мактаби ҳизби қоммунистии назди КМ ҲК Тоҷикистон буд. Соли 1954 факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкоро хатм кардааст. Солҳои 1956–1960 ҳамчун муовини директори мактаби ҳизби коммунистии назди КМ ҲК Тоҷикистон, 1961– 1962 муовини раиси ҷамъияти «Дониши»-и ҶШС Тоҷикистон, 1962–1964 котиби озоди ташкилоти ибтидоии ҳизби коммунистии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко, 1964–1967 муаллими калони кафедраи таърихи ҲКИШ, 1967–1979 котиби озоди ташкилоти ибтидоии ҳизби қоммунистии донишкадаи омӯзгории пойтахт, 1979–1994 муаллими калони кафедраи таърихи сиёсии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст. Бо орденҳои «Ҷанги Бузурги Ватанӣ», «Александр Невский», унвони «Муаллими хизматнишондодаи мактаби ҶШС Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳои фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

Пайвандҳо[вироиш]