Юрий Андропов
Юрий Владимирович Андропов | |||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|
русӣ: Юрий Владимирович Андропов | |||||||
![]() | |||||||
|
|||||||
Пешгузашта | Леонид Илич Брежнев Василий Василевич Кузнетсов (и. в.) |
||||||
Ҷонишин | Василий Василевич Кузнетсв (и. в.) Константин Устинович Черненко |
||||||
|
|||||||
Пешгузашта | Леонид Илич Брежнев | ||||||
Ҷонишин | Константин Устинович Черненко | ||||||
|
|||||||
|
|||||||
Пешгузашта | Владимир Ефимович Семичастний | ||||||
Ҷонишин | Виталий Василевич Федорчук | ||||||
|
|||||||
|
|||||||
|
|||||||
Таваллуд |
2 (15) июн 1914[2] |
||||||
Даргузашт |
9 феврал 1984[2][3][4][…] (69 сол) |
||||||
Мадфан | |||||||
Ном ҳангоми таваллуд | Юрий-Григорий Владимирович Андропов[1] | ||||||
Падар | Владимир Константинович Андропов | ||||||
Модар | Евгения Карловна Флекенштейн | ||||||
Ҳамсар |
1) Нина Ивановна Енгаличева 2) Татяна Филипповна Лебедева |
||||||
Фарзандон |
аз 1-ум издивоҷ писа: Владимир духтар: Евгения аз 2-юм издивоҷ писар: Игор духтар: Ирина |
||||||
Ҳизб | Ҳизби Комунистии Иттиҳоди Шӯравӣ | ||||||
Таҳсилот | |||||||
Эътиқод | отсутствует (атеист) | ||||||
Соядаст |
![]() |
||||||
Ҷоизаҳо | |||||||
Мансубият |
![]() |
||||||
Навъи артиш | KGB[d] | ||||||
Рутба | General of the army[d] | ||||||
Фармондеҳӣ | KGB[d] | ||||||
Набардҳо | |||||||
![]() |
Ю́рий Влади́мирович Андро́пов (2 (15) июн 1914[5][6], стансияи[7] Нагутская[8], кишвари Ставропол — 9 феврали 1984, Маскав) — ходими сиёсӣ ва давлатии шӯравӣ, роҳбари ИҶШС дар солҳои 1982—1984. Котиби генералии КМ ҲКИШ (1982—1984). Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1974). Генерали артиш (1976).
Зиндагинома[вироиш]
Аз оилаи хизматчии роҳи оҳан Омӯзишгоҳи нақлиёти обии Рибинск (1936) ва факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Карелияро (1951) хатм кардааст.
Фаъолияти корӣ[вироиш]
Фаъолияти меҳнатиаш аз соли 1930 оғоз гардидааст. Аввал коргар ва сипас корманди ташкилоти комсомол, солҳои 1938 — 40 котиби якуми комитети вилоятии ВЛКСМ, 1940 — 44 котиби якуми ЛКСМ РАСС Карелия ва дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ташкилотчии ҳаракати партизанӣ дар РАСС Карелия буд. Аз соли 1944 дар дастгоҳи Ҳизби коммунистӣ фаъолият намудааст. Солҳои 1947 — 54 котиби 2-юми КМ ПК (б) РАСС Карелия, 1954 — 57 сафири СССР дар Венгрия. Аз апрели 1957 мудири шӯъбаи робитаҳои КМ Ҳизби коммунистии мамлакатҳои сотсиалистӣ. Солҳои 1962 — 67 котиби КМ КПСС. Аз майи 1967 то майи соли 1982 раиси Комитети бехатарии давлатии Иттифоқи Советӣ буд. Аз июни соли 1967 номзад ба узвият ва аз апрели 1973 узви Бюрои сиёсии КМ КПСС. Яке аз ташаббускорони ба Афғонистон ворид кардани аскарони Иттифоқи Советӣ (1979). Аз моҳи майи 1982 котиби КМ КПСС. Баъди фавти Л. И. Брежнев аз 12. 11. 1982 Котиби Генералии КМ КПСС ва ҳамзамон аз 16 июни 1983 раиси Президиуми Совети Олии СССР. Андропов Юрий Владимирович депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 3 ва 6 — 9).
Ордену ҷоизаҳо[вироиш]
Бо 3 ордени Ленин, 4 ордени дигар ва медалҳо сарфароз гардидааст.
Осор[вироиш]
- Избранные речи и статьи. М., 1979
- Избранные речи и статьи. М., 1983
- Избранные речи и статьи. М., 1984
- «Учение Карла Маркса и некоторые вопросы социалистического строительства в СССР». Журнал «Коммунист» № 3 за 1983 год[9][10][11].
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ Млечин Л. М. Юрий Андропов. Последняя надежда режима. — М.: ЗАО Центрполиграф, 2008. — 511 с.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 Немецкая национальная библиотека, Берлинская государственная библиотека, Баварская государственная библиотека и др. Record #118649310 // Общий нормативный контроль (GND) — 2012—2016.
- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF: платформа открытых данных — 2011.
- ↑ SNAC — 2010.
- ↑ По утверждению самого Андропова — родился он годом позже и приписал себе год, чтобы поступить на учёбу в техникум
Адабиёт[вироиш]
- Медведев Р., Генсек с Лубянки: Политическая биография Ю. В. Андропова, М., 1993.
Сарчашма[вироиш]
- Андропов Юрий Владимирович / Б. Раҳматов // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2017, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
![]() |
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
- Зодагони 15 июн
- Зодагони соли 1914
- Зодагони Русия
- Даргузаштагони 9 феврал
- Даргузаштагони соли 1984
- Даргузаштагони Маскав
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без подписи
- Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ
- Дорандагони ордени Ленин
- Дорандагони ордени Инқилоби Октябр
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Сарфарозшудагон бо медали «Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945»
- Сарфарозшудагон бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Мақолаҳои хурд дар бораи одамон
- Мақолаҳои хурд, ниёзманди аниқсозии шаблон
- Ашхос аз рӯи алифбо