Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Юрий Бабаев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Юрий Бабаев
Таърихи таваллуд 21 майи 1928(1928-05-21)[1][2]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 6 октябри 1986(1986-10-06) (58 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ физики ҳастаӣ[d]
Дараҷаи илмӣ: профессор
Алма-матер
Ҷоизаҳо
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ
ордени Ленин ордени Байрақи Сурхи Меҳнат медали «Барои шуҷоати меҳнатӣ»
Мукофоти ленинӣ Мукофоти сталинӣ

Юрий Бабаев (Бабаев Юрий Николаевич, 21 майи 1928[1][2], Маскав[1] — 6 октябри 1986, Маскав) — физикдони шӯравӣ, узви вобастаи АИ ИҶШС (1968), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1962).

Таҳқиқоти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар соҳаи физикаи ҳаста таҳқиқот анҷом додааст. Баъди хатми Университети давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов дар Бюрои конструктории № 11 таҳти роҳбарии А. Д. Сахаров кор карда, дар сохтани нахустин бомбаи ҳидрогенӣ ширкат варзидааст. Бабаев Ю. Н. соли 1955 якҷо бо Ю. А. Трутнев усули нави тарҳи заряди дузинагии ҳидрогениро пешниҳод кард. Бо ду ордени Ленин (1956, 1962), ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва дигар ордену медалҳо, Мукофоти сталинӣ (1953), Мукофоти ленинӣ (1959), Мукофоти давлатии Федератсияи Россия (баъд аз вафоташ) сарфароз гардонида шудааст.

  1. 1 2 3 4 Бабаев Юрий Николаевич // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  2. 1 2 http://www.biblioatom.ru/founders/babaev_yuriy_nikolaevich/