Юсуфалӣ Ҳасанов
Юсуфалӣ Ҳасанович Ҳасанов | |
| |
Таърихи таваллуд | 20051960 |
Зодгоҳ | Ноҳияи Ашт, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | риёзиёт |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои физика ва математика |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин |
Ҷоизаҳо |
Ордени «Ситораи сурх» (1988); Медали «Барои хидмат дар ҷанг» (1988); Ифтихорномаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии СССР (1989); Аълочии маорифи ҶТ (2005) |
Юсуфалӣ Ҳасанович Ҳасанов (20 майи соли 1960, Понғоз, ноҳияи Ашт, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон) — риёзидони тоҷик, доктори илмҳои физика ва математика (2015), Аълочии маорифи ҶТ (2005). Ӯ дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва дар филиали Донишкадаи энергетикаи Москва дар шаҳри Душанбе таълим медиҳад.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Юсуфалӣ Ҳасанович Ҳасанов Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленинро дар шаҳри Душанбе соли 1983 хатм кардааст.
- 1983-1987 - Ассистенти кафедраи математика компютеризатсияи ДДО ба номи Т.Г.Шевченкои ш.Душанбе;
- 1987-1989 - Хидмат дар Артиши Шӯравӣ дар Афғонистон;
- 1989-1991 - Устоди DGPI математика компютеризатсия;
- 1992-1994 - аспиранти Донишгоҳи давлатии Днепрепетровск;
- 1994-1995 - Муаллими калони шуъбаи ҳисоббарории математика дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ;
- 1995-1996 - Мудири кафедраи информатика ва математикаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон;
- 1996-2000 - Мудири кафедраи математика ва ЕНД-и Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон;
- 2000-2009 - Мудири кафедраи информатика ва системаҳои иттилоотии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон;
Аз соли 2009 дотсенти кафедраи информатика ва системаҳои иттилоотии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Муаллифи зиёда аз 80 корҳои илмӣ ва методӣ. Мавзӯи илмии ӯ ба омӯзиши хосиятҳои функсияҳо дар рушди системаи иттилоотии автоматикунонидашудаи АСУ дар донишгоҳ бахшида шудааст.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ордени «Ситораи сурх» (1988);
- Медали «Барои хидмат дар ҷанг» (1988);
- Ифтихорномаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии СССР (1989);
- Аълочии маорифи ҶТ (2005);
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Об абсолютной сходимости рядов Фурье почти-периодических функций [1]// Ряды Фурье: теория и приложения. – Киев, 1992;
- О приближении функций двух переменных некоторыми интегралами Фурье // Доклады АН РТ. – 1993. –Т.36. – №3;
- О приближении почти периодических функций двух переменных суммами типа Марцинкевича-Зигмунда // Математические заметки ЯГУ. - Якутск, 2001. – Т.9. – Вып. 2;
- Практикум по информатике. – Душанбе, 2004;
- Практикум по математике для абитуриентов. – Душанбе, 2005;
- Практикум по изучению СУБД MS Access. – Душанбе, 2006;
- Об абсолютной сходимости кратких рядов Фурье почти- периодических функций [2]// Известия вузов. Северокавказский регион. Естественные науки. Спецвыпуск. – 2011.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зодагони соли 20051960
- Афрод бо синни манфӣ
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони Ашт
- Докторони улуми физика ва математика
- Олимон аз рӯи алифбо
- Риёзидонон аз рӯи алифбо
- Риёзидонони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
- Докторони улуми физикаву математика
- Зодагони ноҳияи Ашт