Юсуф Қаюмов
Юсуф Бабаевич Қаюмов | |
Таърихи таваллуд | 5 декабр 1918 (105 сол) |
Зодгоҳ | Шаҳрисабз, ҶШС Ӯзбекистон, ИҶШС |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | биология |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои биология |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Ҷоизаҳо | орденҳои «Ҷанги Бузурги Ватанӣ» дараҷаи дуюм, «Байрақи сурх», 5 медал, нишонҳои сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон», «Барои мувафақиятҳои аъло дар кор» |
Юсуф Бабаевич Қаюмов (тав. 5.12.1918, ш. Сабзи ҶШС Ӯзбекистон – ваф. маълум нест), биолог, номзади илмҳои биологӣ, дотсент, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1940 факултети табиатшиносии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Тошкентро хатм кардааст. Солҳои 1941–1946 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст. Солҳои 1946–1955 дар вазифаҳои гуногуни маорифи ҶШС Тоҷикистон фаъолият намудааст. Солҳои 1955–1960 вазифаи мудири кафедраи мактаби ҳизби коммунистии ҷумҳуриявӣ, 1960–1985 мудири кафедраи биологияи факултети табиатшиносӣ ва география, муовини декани факултет ва декани факултети географияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкоро ба уҳда дошт. Солҳои 1985–1991 ҳамчун дотсенти кафедраи биологияи донишкадаи номбурда кор кардааст. Муаллифи зиёда аз 80 корҳои илмӣ, аз ҷумла 3 монография ва 3 маводи таълимӣ мебошад. Бо орденҳои «Ҷанги Бузурги Ватанӣ» дараҷаи дуюм, «Байрақи сурх», 5 медал, нишонҳои сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон», «Барои мувафақиятҳои аъло дар кор» сарфароз карда шудааст.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |
- Pages using the JsonConfig extension
- Pages which use a template in place of a magic word
- Зодагони 5 декабр
- Зодагони соли 1918
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Шаҳрисабз
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Номзадҳои улуми биология
- Олимон аз рӯи алифбо
- Мақолаҳои хурд дар бораи донишмандон
- Таърихшиносони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон