Яклинга
Зоҳир
Яклинга – иштироккунандагон ба ду даста ҷудо мешуданд. Бозигарони дастаи якум аз як гӯшаи майдон ба тарафи дигари он якпоя ҷаҳида, роҳ тай менамуданд. Бозигарони дастаи ҳариф низ ба ҳамин тарз якпоя бачаҳои гурӯҳи якумро таъқиб мекарданд. Ба ҳар як даванда як нафар бозигари дастаи ҳариф вобаста шуда буд. Агар таъқибкунанда бо пой ба ягон ҷойи даванда расонад, навбати бозӣ ба дастаи дувум мегузашт. Дар охир ғолибон ба пушти бозигарони мағлуб савор мешуданд ва онҳо ғолибонро дар гирди майдон чарх мезанониданд. Дар Рашт, Тоҷикобод, Дарвоз фаъол аст.[1]
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷ.1, Душанбе, 2015.
- Нурджанов Н. Игры // Таджики Каратегина и Дарваза. Вып.3, Д., 1976. 2. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Д., Ҷ.2, 2016.
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Манобеъ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 210