Дарвоз
Дарвоз (форсӣ: درواز) — яке аз бахшҳои таърихии Тоҷикзамин аст, ки сарзаминаш ҳамакнун миёни ноҳияҳои Тавилдара, Дарвозу Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вулусволиҳои панҷгонаи Дарвози вилояти Бадахшони Афғонистон, аз ҷумла Хвоҳон, Кӯфоб, Шикай ва Нусай ва Моймай тақсим шудааст.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Роҳномаҳо ва ҷаҳоннамоҳои арабизабон ва форсизабони садаҳои миёна номи Дарвозро Карон (форсӣ: کران) овардаанд[1][2][3] ва маркази онро шаҳри Карон ёд кардаанд[4]. Ба гуфти мардуми Дарвоз номи бостонии ин сарзамин Маҳистон (форсӣ: مهستان) будааст.
Дарвоз аз замони Сомониён то соли 1877 ҳукумате мустақил дошта ва фармонравоёни онро шоҳ мехондаанд. Қаламрави подшоҳии Дарвоз сарзамини имрӯза Тавилдара, Дарвозу Ванҷ дар Тоҷикистон ва ноҳияҳои панҷгонаи Дарвози Хвоҳон, Кӯфоб, Шикай, Нусай, Моймай дар Афғонистон аз ду канори рӯди Панҷро дар бар мегирифт.
Соли 1878 амири Бухоро ба Дарвоз лашкар кашид. Пас аз набардҳои хунрез лашкари шоҳи Дарвоз аз Қалъаи Хумб ба рустои Кеврон ақиб нишаст. Ҷанги сарнавиштсоз барои подшоҳии Дарвоз дар рустои Кеврон сурат гирифт ки бо шикасти лашкари Дарвоз анҷом пазируфт. Шоҳ ва шоҳзодагони Дарвоз ки дар миёни онҳо Абулфайзхон ва писари хурдсолаш Муҳаммад Валихон низ буданд ба Фарғона ҳиҷрат карданд. Муҳаммад Валихон дертар яке аз дипломатҳои барҷастаи Афғонистон шуд. Аморати Бухоро Дарвозро бекигарӣ гардонд ва идораи умури онро ба бек супурд.
Соли 1895 бекигарии Дарвоз ки дар ҳар ду канораи рӯди Панҷ қарор дошт, дар паи ҷаҳонгириҳои Русия ва Британия дупора гардид ва канораи рост ба аморати Бухоро ва канораи чап ба Афғонистон дода шуд[5].
Дарвоз дар солҳои 1878 – 1920 яке аз бекигариҳои Бухоро буд ва бек дар Қалъаи Хумб менишаст ва мир хонда мешуд.
Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Тоҷикистон Дарвоз бахше аз вилояти Ғарм гардид, ки то соли 1929 вуҷуд дошт. Вилояти Ғарм дар он сол ба округ табдил дода шуд. Соли 1931 округи Ғарм барҳам дода шуд ва сарзамини он тобеъи ҷумҳурӣ шуд. Солҳои 1931 — 1936 сарзамини Ғармро ба ноҳияҳо бахш карданд ва Дарвоз яке аз навоҳии Ғарм шуд. Соли 1938 округи Ғарм дубора бунёд ва соли 1939 вилояти Ғарм гашт, ки то соли 1955 барҷой буд. Дар он сол бахши ғармии вилоят дубора зери фармони ҷумҳурӣ ва бахши дарвозии он бо номи ноҳияи Қалъаи Хумб ба Вилояти мухтори Бадахшон дода шуданд[6]. Ноҳияи Қалъаи Хумб 26 июни 1991 бо Қарори № 318 Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон Дарвоз номида шуд.
Мардум
[вироиш | вироиши манбаъ]Мардуми Дарвоз ба яке аз гӯишҳои забони тоҷикӣ сухан мегӯянд. Дар гӯиши дарвозӣ вижагиҳои забони порсии садаҳои IX - XIV ҳамчунон пойдоранд. Забони мардуми Дарвоз дар садаҳои пешин яке аз забонҳои эронии шарқӣ ва монанд ба забонҳои суғдӣ, балхӣ ва забонҳои помирӣ будааст аммо дар садаҳои IX - XIV дарвозиён порсизабон гаштанд.
Китобшиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Jan-Heeren Grevemeyer. DARVĀZ Бойгонӣ шудааст 8 Декабри 2010 сол.
- Бурхан-уд-Дин-Хан Кушкеки. Путеводитель по Каттагану и Бадахшану, также История Дарваза с 1880 г. по 1926 г.
- Каландаров Т. С. Шугнанцы (историко-этнографическое исследование). Институт этнологии РАН. — М., 2004. — 478 с.
- Камалиддинов Ш. С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX — начала XIII вв. — Ташкент: «Узбекистон», 1996
- Надежда Емельянова. Культура и религия Дарваза
- Постников А. В. Схватка на «Крыше мира». Политики, разведчики, географы в борьбе за Памир в XIX веке. М.: Памятники исторической мысли, 2001. 416 стр., 8 л. карт. ISBN 5-88451-100-0.
- Номгузорӣ ва номгардонӣ дар Тоҷикистон
- ↑ Ибни Хурдодбеҳ, Абулқосим Убайдуллоҳ ибни Абдуллоҳ, «Китобу-л-масолик ва-л-мамолик» с. 37
- ↑ Ибни Хурдодбеҳ, Абулқосим Убайдуллоҳ ибни Абдуллоҳ, «Китобу-л-масолик ва-л-мамолик» с. 37
- ↑ Ибн Хордадбех, Книга путей и стран. Полный текст издания 1986 г. - academia.edu
- ↑ Камалиддинов Ш. С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX — начала XIII вв. — Ташкент: «Узбекистон», 1996
- ↑ Постников А. В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. М.: Памятники исторической мысли, 2001. 416 стр., 8 л. карт. ISBN 5-88451-100-0
- ↑ САТД ГБАО, с. 11