Jump to content

Як ҷаҳон аз ману ту (филм)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Як ҷаҳон аз ману ту
یک جهان از من و تو
Коргардон Муҳаббат Сатторӣ
Мамлакат Тоҷикистон
Забон тоҷикӣ
Сол 2014

Як ҷаҳон аз ману ту — филми бадеии истеҳсоли киностудияи Тоҷикфилм (соли 2014). Муаллифони сенария: Бахтиёр Каримов, Улуғбек Содиқов, Муҳаббат Сатторӣ, Коргардон-таҳиягар: Муҳаббат Сатторӣ, Наворбардор — таҳиягар: Шуҳрат Қурбонов, Коргардон: Улуғбек Содиқов. Дар филм нақшҳои асосиро Рухшона Сатторӣ ва Муҳайё Рустамзода офаридаанд.[1]

Филми нави Муҳаббат Сатторӣ ба мавзӯи меҳру садоқати модар нисбат ба фарзанд бахшида шудааст. Зевар, писарчаи шиноси худ Наргисро пайки муносиб ёфта мерабояд ва ба шаҳри дигар гирифта мебараду чун модари воқеи тарбия менамояд. Лекин тақдиру насиби ҳар яки мо роҳу равиши худро дорад, ки соҳиби фарзанд ва фарзанддуздро ру ба ру мегардонад. Қаҳрамонони асосии филм Наргису Зевар ҳар яке ба таври худ исбот кардани мешаванд, ки модари ҳақиқии Сиёвушанд. Фарзанди як модар соҳиби ду модар гашт ва низ чароғи фурузони ду дил шуду ободии ду хонадон гашт.

  1. Сомонаи Тоҷикфилм, филми «Як ҷаҳон аз ману ту»