Jump to content

Яқуб Исломов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Яқуб Исломов
Яқуб Исломович Исломов
Зодгоҳ шаҳри Хуҷанд
Фазои илмӣ олим

Яқуб Исломович Исломовдипломат, фиристодаи фавқуллода ва мухтори Иттиҳоди Шӯравӣ, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор. Аълочии маорифи Тоҷикистон.

Раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таҷрибаи бои дипломат, профессор Исломов Яқуб Исломовичро ба инобат гирифта, ин марди накӯномро соли 2001 ба кори педагогӣ ҷалб намудаанд. Профессор Исломов мутахассиси илми сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ – дипломатия буданд. Аз соли 2002 декани Факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таъйин гардид. Яқуб Исломов бо унвонҳои Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1960), шаҳрванди фахрии ш. Линколни ИМА (1995), ҳамчунин бо ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.[1]