Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Яҳудситезӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Яҳудситезӣ, антисемити́зм (олмонӣ: Antisemitismus) — хусумати миллӣ ва динӣ нисбат ба яҳудиён, ки дар Аврупо оғоз ёфта буд. Яке аз сабабҳояш муваффақияти яҳудиён дар заминаҳои тиҷорату бозаргонӣ буда, ихтилофи мазҳаб баҳонае мешуд барои ранҷу озори яҳудиён.

Таассуби нажодӣ аз солҳои 70 садаи XIX оғоз ёфта, солҳои 80 садаи XIX дар Олмон ва Австро-Венгрия ҳизбҳои сиёсии зидди яҳудӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд. Оғози садаи XX эҳсосоти шадиди зиддияҳудӣ дар Фаронса ҳукмрон гардид. Солҳои 1905 — 09 дар Русия, бахусус дар Литва, Лаҳистон ва Украина ҳаракатҳои зиддияҳудӣ бисёр авҷ гирифтанд. Дар ин солҳо бо дасти гурӯҳҳои террористӣ тақрибан 50 ҳазор яҳудӣ ба қатл расид. Дар фосилаи байни ду ҷанги ҷаҳонӣ мавҷи антисемитизм кишварҳои Руминия, Лаҳистон ва Маҷористонро фаро гирифт. Дар солҳои 20 ва 30 садаи XX тарғибу тарвиҷи зиддияҳудӣ ва бартарии нажоди ориёӣ аз ҷониби Ҳитлер ва ҳаммаслаконаш ба авҷи аъло расид. Дар кулли нобасомониҳои Олмон яҳудиён гунаҳкор дониста мешуданд. Издивоҷи яҳудиён бо ориёиҳо мамнӯъ эълон гардид ва ин қавм аз ҳуқуқи шаҳрвандӣ маҳрум карда шуд. Бар асоси қонунҳои соли 1938 моликияти яҳудиёни Олмон мусодира гардид. Дар байни солҳои 1939 — 45 аз се як ҳиссаи яҳудиёни ҷаҳон нобуд карда шуданд. Бо авҷ гирифтани ҷунбиши саҳюнистӣ ва ташкили давлати Исроил дар соли 1948 эҳсосоти зиддияҳудӣ дар Шарқи Наздик дубора авҷ гирифт.