Jump to content

Яҳё Афзалӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Яҳё Афзалӣ
Яҳё Афзалӣ
Таърихи таваллуд: 1893(1893)
Зодгоҳ: Самарқанд
Таърихи даргузашт: 1928(1928)
Маҳалли даргузашт: Душанбе
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Ҳизб: Ҳизби коммунистии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: Арбоби Ҳизби болшевикии Тоҷикистон ва ходими давлатӣ

Яҳё Афзалӣ (тав. 1893, гузари Лабиғори ш.Самарқанд – ваф. 1928, ш. Душанбе) — яке аз бунёдкорони фаъоли ҳаёти нав дар ҶМШС Тоҷикистон баъд аз инқилоби Бухоро. Арбоби ҳизби болшевикӣ ва ходими давлатӣ. Узви ҳизби болшевикӣ аз соли 1918.

Яҳё Афзалӣ фаъолияти кориашро аз шогирди бофанда, устои гилкор оғоз намудааст. Мактаби усули ҷадидро хатм кардааст (1912). Баъди Инқилоби Октябр ҳаёти худро ба мустаҳкам кардани Ҳокимияти Шӯравӣ бахшидааст. Иштирокчии фаъоли ташкилотҳои ноҳиявӣ ва шаҳрии “Иттифоқ”-и ш. Самарқанд. Яке аз ташаббускорон ва ташкилотчиёни муттаҳид гардонидани коргарони миллати маҳаллии Самарқанд дар атрофи ҳизби болшевикӣ, ташкилкунандаи дастаи Гвардияи Сурхи Самарқанд (1917-1921), муборизи диловари зидди босмачиён дар Ӯротеппа, Хуҷанд, Сулукта, Драгомиров ва Бухорои Шарқӣ (солҳои 1921-1922). ҷонишини комиссар, котиби райкоми Шаҳринави Самарқанд, раиси комиҷроияи ш.Самарқанд (солҳои 1921-1925), мудири шуъбаи агитатсияву пропагандаи Бюрои ташкилии ҶМШС Тоҷикистон дар ҲК(б) Ӯзбекистон (солҳои 1925-1926), котиби масъули кумитаи вилоятии ҲК(б) дар Ҳисор ва дар айни замон котиби масъули ҳизби болшевикӣ кумитаи шаҳри Сталинобод (солҳои 1926-1928), узви бюрои кумитаи вилоятии Тоҷикистонии ҲК(б) Ӯзбекистон.

Бо ордени «Ситораи Сурх» ва дигар ҷоизаҳо сарфароз гардонда шудааст.

Яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба номаш гузошта шудааст.

  • Аслҳо ва наслҳо. – Душанбе, 2013, - С.27