Ҳизби коммунистии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳизби Комунистии Тоҷикистон
Ҳизби Комунистии Тоҷикистон
Санаи асосгузорӣ: 6 декабр 1924
Қароргоҳ: Душанбе
Маром: Marxism–Leninism[d], anti-capitalism[d], anti-fascism[d] ва social democracy[d]
Шумораи аъзо: 45000
Ҷой дар палатаи поёнӣ: 5


Ҳизби коммунистии Тоҷикистон (ҲКТ) — ҳизби сиёсии расмӣ дар Тоҷикистон. Раиси ҳизб — Меҳроҷ Абдуллоев (аз 22 апрели соли 2017).

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон соли 1924 таъсис ёфта, замони мавҷудияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон раиси Кумитаи марказии он дар амал роҳбари аввали ҷумҳурӣ маҳсуб меёфт. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ аз соли 1991 то соли 2016 сиёсатмадори маъруфи тоҷик Шодӣ Шабдолов раиси ивазнашавандаи он буда, аввали моҳи июли соли 2016 Исмоил Талбаков, муовини аввали ӯ низ муддати солҳои тӯлонӣ раиси ҲКТ интихоб шуд.

Исмоил Талбаков 17 декабри соли 2016 дар синни 61-солагӣ бемаҳал аз олам даргузашт. Аввали соли равон котиби ҳизб Мирзоазим Насимов муваққатан иҷрокунандаи раиси ҲКТ таъйин шуд. Аз апрели соли 2017 то имрўз Раиси Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, ҳуқуқшинос, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоев Мироҷ Санонович мебошад. Бино ба маълумоти худи коммунистон, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон (2017) дар сафҳои худ ҳудуди 45 ҳазор нафар аъзо дорад.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Манобеъ[вироиш | вироиши манбаъ]