Jump to content

Яҳё Раҳимов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Яҳё Раҳимов
Яҳё Абдуллоевич Раҳимов
Таърихи таваллуд 1916(1916)
Таърихи даргузашт 1993(1993)
Дараҷаи илмӣ: олим, профессор, арбоби давлатӣ
Ҷоизаҳо
ордени Ленин ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени «Нишони Фахрӣ»

Яҳё Раҳимов — доктори илми тиб (1967), профессор (1967), Узви вобастаи АИ ҶТ (1951). Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1957). Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1987).[1]

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Яҳё Раҳимов Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро хатм кардааст (1943), ихтисос – «анатомияи инсон». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: физиологияи экологӣ, биохимия, морфология, деонтология. Мудири кафедраи анатомияи мӯътадил Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1950-1972), ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1950-1957). Вазири тандурустии ҶШС Тоҷикистон (1957-1963). Мушовири илмии Озмоишгоҳи таҳқиқоти тиббиву биологии баландкӯҳ (1971).

  • Бо орденҳои Ленин, Байрақи Сурхи Меҳнат,
  • «Нишони Фахрӣ»,
  • медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин»,
  • Ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.
  • Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1957).
  • Дорандаи Ҷоизаи давлатии ҶТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1987).
  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.