Яҳё Шарипов
Таърихи таваллуд | 1929 |
---|---|
Зодгоҳ | Андиҷон, ҶШС Ӯзбекистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | таърих |
Ҷойҳои кор | Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. ШевченкоДонишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои таърих |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Яҳё Шарипов (1929, Андиҷон, ҶШС Ӯзбекистон — ?) — муаррихи тоҷик, доктори илмҳои таърих (1972), профессор (1974).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм кардааст. Солҳои 1948—1949 методисти Донишкадаи такмили ихтисоси муаллимон, 1954—1960 ходими илмии Институти таъриху архелогия ва этнографияи АИ ҶШС Тоҷикистон, 1960—1964 дотсенти кафедраи таърихи ҲКИШ-и Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, 1964—1974 дотсенти кафедраи коммунизми илмии донишкадаи омӯзгории пойтахт, 1974—1979 мудири кафедраи коммунизми илмии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин 1987—1994 мудири кафедраи коммунизми илмӣ ва кафедраи фалсафаи фарҳанги Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко буд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони соли 1929
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Андиҷон
- Докторони улуми таърих
- Олимон аз рӯи алифбо
- Таърихшиносони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
- Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон