Шашмақом
Кишвари созанда | |
---|---|
Вазъияти мероси фарҳангии ғайримоддӣ | Феҳристи намояндагии мероси фарҳангии ғайримоддии башарият[d][1] ва Шоҳкорҳои шифоҳӣ ва ғайримоддии мероси башарӣ[d][1] |
Тавзеҳот дар сомонаи |
ich.unesco.org/en…(англ.) ich.unesco.org/fr…(фр.) ich.unesco.org/es…(исп.) |
Тааллуқ дорад ба Викилоиҳаи | WikiProject Intangible Cultural Heritage[d] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Шашмақóм (форсӣ: ششمقام) — маҷмӯъи мукаммали оҳангу таронаҳои силсилавии шифоҳии мусиқии ҳирфаии мардуми тоҷик, ки дар низоми ягонаи шаклбандӣ ва зарбу лаҳн мураттаб гардидаанд.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Силсилаи мақомҳо, ки то замони мо бо номи шашмақом омада расидаанд, таърихи зиёда аз ҳазорсола доранд. Шашмақом мероси мусиқии мардуми тоҷик буда, аз мақомҳои «Бузрук», «Рост», «Наво», «Дугоҳ», «Сегоҳ», «Ироқ» иборат аст. Дар асрҳои миёна маҷмӯи мусиқии классикии тоҷик ба унвони «Дувоздаҳмақом» маъмул гардида буд ва шашмақом идомаи таърихӣ-бадеии ҳамин анъанаи ҳунарӣ ба ҳисоб меравад. Санъати мусиқии ҳирфаӣ, ки мақомхонӣ аз ҷумлаи онҳост, шурӯъ аз давраи ҳукмронии Сосониён (асрҳои 3–7) хеле рушд ёфта буд. Шоҳони сосонӣ – Баҳроми Гӯр ва хусусан Хусрави Парвиз (ҳукмронӣ 590–628) ба санъати ромишгарӣ аҳаммияти махсус дода, эътибор ва мартабаи соҳибони ин касби нозукро ба зинаи баланди ҷамъиятӣ бардоштанд. Дар ин давра як зумра сарояндагону донандагони ҳирфаии созу овоз чун Борбади Марвазӣ (588/89–628/38), Саркаш (568–625), Накисои Чангӣ (549–623), Озодвори Чангӣ (592–649/50), Ромтини Чангӣ (557–620) ва дигарон ба миён омаданд, ки тавассути ҳунар ва истеъдоди онҳо пойдевори бинои азими мақомот гузошта шудааст. Эҳтиром ва бузургдошти ҳунар, ғамхории беандоза нисбат ба сарояндагону навозандагон дар дарбори Сосониён омили асосии рушди мусиқии ҳирфаӣ гардид. Мутобиқи тартибу низоме, ки дар дарбори Сосониён ҷорӣ буд, ба мутрибону ҳофизон лозим меомад, ки вобаста ба кулли ҳаводиси рӯзгор, ҷашну маросимҳои пазироӣ, ҷашнҳои миллӣ ва ғайра суруд ва тарона офаранд. Худи ҳамин талабот водор мекард, ки маҳорати овозхонии ромишгарони дарбор нисбат ба сурудҳои мардумӣ сатҳи баландтарро ишғол намояд ва ромишгар мекӯшид, ки пайваста оҳангу таронаи нав эҷод кунад. Баъзан ба ромишгарони дарбор лозим меомад, ки бо як ишораи «Хуррам бош», яъне роҳбари гурӯҳи ҳунармандон фавран ва бадоҳатан навои тозаеро, ки мувофиқи дархост ва табъи шоҳ бошад, иҷро намоянд. Дар ибтидои асри 5 ҳашт дастгоҳ ё ҳашт воҳиди асосии созандагӣ дар мусиқии касбии он замон ба вуҷуд омада буд. Яке аз аввалин мусиқишиносони Шарқ Абуюсуф ибни Исҳоқ ал-Киндӣ (800–870) дар «Рисола фӣ-л-мусиқӣ» («Рисолаи мусиқӣ») номи чанде аз онҳо – «Насим», «Асброс», «Меҳрҷонӣ», «Сандон» ва ғайраро овардааст. Ибни Хурдодбеҳ дар рисолаи «ал-Лаҳв ва-л-малоҳӣ» («Бозӣ ва асбобҳои айшу ишрат») номи якчанд оҳанг – «Бандастон», «Баҳор», «Асбос», «Абрина», «Мозарасбон», «Моҳ дар бӯстон», «Қабо», «Гоҳ» ва ғайраро оварда, манбаи хеле қадимӣ доштани онҳоро таъкид намудааст.
Баъди истилои араб ва табаддулоти таърихиву иҷтимоӣ, ки дар Эрону Осиёи Миёна рӯй дод, беҳтарин анъанаву дастовардҳои фарҳангии халқҳои эронинажод аз ҷониби ақвоми мухталифи халифат гуногун қабул гардид. Мусиқии касбии мардумӣ, ки ба шеъри форсӣ-тоҷикӣ иртиботи қавӣ дошту анъанаҳои тоисломии мардуми ин сарзаминро давом медод, дар ҳудуди мамолики Шарқи Наздику Миёна паҳн гашт ва баъдан (дар давраи Аббосиён) ҳатто ба Аврупо низ роҳ ёфт. Дар сарзамини Бағдод, баъдан дар Андалузия номҳои тоҷикии оҳангҳои мусиқӣ – «Рост», «Дугоҳ», «Сегоҳ», «Чоргоҳ» бо тағйироти андаке – «Расд», «Дука», «Сика», «Ҷарқа» машҳур гардиданд. Бисёр истилоҳоти мусиқии анъанавии тоҷикӣ, аз қабили «Хона» – як банди оҳангӣ», «Уфар», «Даромад», «Чанбар» ва ғайра дар илми мусиқии арабӣ, аз ҷумла дар ашъори Аъшо номҳои зиёди созҳои мусиқии форсӣ- тоҷикӣ, масалан, барбат истифода шудаанд. Истилоҳи «мақом» аз феъли арабии «қома» дар натиҷаи тарҷумаи арабии калимаҳои «дастон» ё «парда» ба вуҷуд омадааст. Имрӯз низ дар бештари кишварҳои арабӣ – Алҷазоир, Марокаш, Лубнон, Яман, Ироқ ва ғайра ба ҷойи истилоҳи «мақом» – «нуба», «силсила», «қатор», «навбат»-ро ба кор мебаранд.
Шашмақом ва дувоздаҳмақом
[вироиш | вироиши манбаъ]Мувофиқи маълумоти рисолаҳои мусиқии асрҳои 13–17 («Китобу-л-адвор»-и Абдулмуъмини Урмавӣ, «Мақосиду-л-алҳон»-и Абдулқодири Гӯянда, «Рисолаи мусиқӣ»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ ва ғайра) дувоздаҳмақом дар Эрону Озарбойҷон, Самарқанду Бухоро, Хуҷанду Ҳирот ва дигар марказҳои фарҳангии асримиёнагӣ маъмул будааст. Мусиқишиносони қадим мақомҳои марбути силсилаи дувоздаҳмақомро ҳамчун намунаи олии мусиқии ҳирфаӣ шарҳ додаанд. Аз рӯи далелҳое, ки масалан, дар «Туҳфату-с-сурур»-и Дарвешалии Чангӣ ва «Мақосиду-л-алҳон»-и Абдулқодири Гӯянда оварда шудаанд, маълум мегардад, ки матни оҳангҳои дувоздаҳмақомро асосан ашъори шоирони классики форс-тоҷик ташкил додаанд. Баъзан қисме аз оҳангҳои дувоздаҳмақом ва баъдтар шашмақом дар асоси матни шеърҳои туркӣ низ иҷро карда мешуд. Маълум аст, ки ин ҳолат баъди машҳур гаштани ғазалиёти Навоию Фузулӣ ва дигар шоирони туркзабон, ки дар асоси вазнҳои мустаъмали назми класикии тоҷикӣ эҷод шуда буданд, ба вуқӯъ пайвастааст.
Анъанаи касбии дувоздаҳмақом дар заминаи навъҳои гуногуни мусиқии тоҷикӣ «Савт», «Тана», «Нақш», «Кор», «Тасниф», «Талқин», «Фар» ва ғайра, ки то имрӯз чун шаклҳои алоҳида дар Бухорову Қаротегин (Рашт), Ҳисору Хуҷанд, Панҷакенту Истаравшан ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон давом дорад, дар асрҳои 18–19 ҳамчун шакли мустақили асари мусиқӣ дар пойтахти тоҷикон – Бухоро мукаммал гардида, баъдан чун шашмақоми Бухоро машҳур шуданд. Робитаи шашмақому дувоздаҳмақомро аз рӯйи далелҳои зерин муайян кардан мумкин аст:
- Мақомҳои «Рост», «Наво», «Бузург», «Ироқ»-и шашмақом дар силсилаи дувоздаҳмақом низ чун мақоми алоҳида маъмул буданд.
- Мақомҳои шашмақом ҳам айнан мисли мақомҳои дувоздаҳмақом ду шуъбаро дар бар гирифта, номи онҳо – «Баёт», «Уззол», «Сабо», «Наврӯз», «Чоргоҳ» дар дувоздаҳмақом низ чун шуъба ёд шудаанд.
Мақомҳои «Дугоҳ»-у «Сегоҳ» дар ҷараёни инкишофу такмил аз шуъба ба мақоми алоҳида табдил ёфтаанд. Масалан, «Сегоҳ» дар силсилаи дувоздаҳмақом шуъбаи мақоми «Ҳиҷоз» буду дар шашмақом ба мақом мубаддал гашт. «Ушшоқ» – мақоми мустақили силсилаи дувоздаҳмақом дар силсилаи шашмақом ба шуъбаи мақоми «Рост» табдил ёфтааст. Илова бар ин «Ушшоқ»-ҳои алоҳидае, ки то имрӯз дар мусиқии классикии тоҷикӣ маълуму машҳуранд – «Ушшоқи Самарқанд», «Ушшоқи Содирхон», «Ушшоқи Дарвоз» ва ғайра далели онанд, ки анъанаи «Ушшоқ»-хонӣ ё «Савт»-хонӣ, «Авҷ»-хонӣ, «Талқин»-хонӣ идомаи ҳамон анъанаҳои қадими дувоздаҳмақом мебошад. Дарвешалии Чангӣ дар «Туҳфату-с-сурур» қайд мекунад, ки устодони мусиқии он замон аз ҳар мақом «як овоза ва ду шуъба» ҳосил мекарданд.
Сохтори шашмақом
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар сохтори шашмақом ишораи ҳатман ду шуъбаро фаро гирифтани ҳар як мақоми ҷудогона гурӯҳи шуъбаҳоро (гурӯҳи шуъбаҳои аввал ва дувум) дар назар надошта, балки маънии дар дохили ин ё он мақом ҳатман маънои пайдо шудани шуъбаи тозаро дорад. Масалан, ба мақоми «Бузург» шуъбаи «Уззол», «Талқини Уззол», «Насри Уззол» ва ғайра, ба мақоми «Наво» шуъбаи «Баёт», «Талқини Баёт», «Насри Баёт», «Уфари Баёт», ба мақоми «Рост» шуъбаи «Ушшоқ», «Насри Ушшоқ», «Савти Ушшоқ» ва ғайра пайваст гаштааст. Ин ҳолат дар тамоми мақомҳои шашмақом мушоҳида мешавад. Аз ҷиҳати таркиб шашмақом шоҳасари бузурге мебошад, ки ҳар бахши он байни ҳамдигар таносуби махсуси оҳангӣ, зарбӣ ва пайвастагӣ доранд. Банду басти ҳамаи шуъбаҳои мақомҳои шашмақом ба ҳамдигар монанд аст. Яъне ҳар мақом қисми созӣ – «Мушкилот», «Тасниф», «Тарҷеъ», «Гардун», «Мухаммас», «Сақил» ва қисми овозӣ – «Наср» дорад. «Мушкилот» танҳо тарзи оҳангӣ буда, тавассути созҳои мусиқӣ иҷро мешавад ва аз шаклҳои мухталифи оҳангӣ таркиб ёфтааст. Мазмун ва мундариҷаи гурӯҳи шуъбаҳои дувуми шашмақом нисбатан васеъ буда, дар мақомҳои мухталиф шакли ба худ хос доранд. Шуъбаҳои «Замзама», «Бебокча», «Синахурӯш», «Оромиҷон», «Рок» ва ғайра айнан дар таркиби гурӯҳи шуъбаҳои дувуми ин ё он мақом ҷой гирифтаанд. Қисми «Наср», ки танҳо тарзи овозист, дар навбати худ ду гурӯҳи шуъбаҳоро дар бар мегирад. Гурӯҳи аввал – «Сарахбор», «Талқин», «Наср», «Уфар» нисбатан қонунӣ буда, дар аксари мақомҳо шакли ягона доранд. Оҳанги шуъбаи якуми қисми «Наср»-и мақомҳои шашмақом зарбу лаҳнҳои асосии мақомҳоро дар бар мегирад. Бахши «Сарахбор» оғоз ва «Уфар» анҷомаш мебошад. Гурӯҳи дувум дар ҳар мақом сохтори мухталиф дорад. Анъанаҳои «Замзама»-хонӣ, «Савт»-хонӣ, шуъбаҳои «Рост», «Синахурӯш», «Қаландарӣ» ва ғайра дар гурӯҳи шуъбаҳои дуввуми мақомҳо ҷой гирифтаанд. Шуъбаи дувуми «Наср» иборат аз силсилаи панҷқисма – Савт» буда, дар он мавзӯъҳои аслӣ бо усулҳои хос,, қисмати «Савт» бо шаклҳои «Талқинча», «Шодиёна», «Соқинома» ва «Уфар» иҷро мешаванд. Дар ин ҳолат мазмун ва мундариҷаи матну оҳангҳо гуногун бошад ҳам, лаҳн ва усули дойра аз зарби нисбатан ороми «Талқинча» тадриҷан ба зарби шӯхи муфарриҳ – «Уфар» табдил меёбанд. Баъзе муҳаққиқони илми мусиқӣ дар ин ақидаанд, ки гурӯҳи шуъбаҳои дуввуми шашмақом бо мурури замон аз таркиби гурӯҳи шуъбаҳои аввал берун омадаанд. Дар силсилаи шашмақом маҷмӯи зарбҳо, усулҳо дар тамоми мақомҳо ягона буда, сохтори ягонаро ташкил медиҳанд. Ҳар шуъбаи шашмақом, чун қоида, аз зарби ором, равону якнавохт оғоз шуда, дар охир ҳатман бо усули рақсии «Уфар» анҷом меёбад.
Мақомҳои силсилаи шашмақом байни ҳамдигар қаробати махсуси оҳангӣ низ доранд ва ин падидаро дар илми мусиқӣ «Намуд» меноманд. Масалан, вақте ки дар «Сарахбори Сегоҳ» баъди иҷрои «Авҷ» ногоҳ оҳанги асосии мақоми «Наво» падидор мегардад, онро «Намуди Наво» меноманд. Маҷмӯи намудҳо – «Намуди Наво», «Намуди Муҳайяри Чоргоҳ», «Намуди Ушшоқ», «Намуди Ораз», «Намуди Сегоҳ» ва ғайра мақомҳоро ба якдигар бо услуби «иқтибос» пайванд месозанд. Чунин роҳи ҳамбастагии асарҳои гуногуни силсилавӣ ҳатто дар мусиқии тоисломии мардуми эронинажод маъмул буд. «Намуд»-ҳо, маъмулан, баъди иҷрои «Дунаср» ва «Авҷ» меоянд. Сароянда дар ин ҳолат як навъ «сайр»-и оҳангҳои мақомҳои гуногунро ба миён оварда, бо ҳамин роҳ гуногунрангии лаҳнии асарро таъмин менамояд. Ҳамин тариқ, «Намуд»-ҳои мақомҳои силсилаи шашмақом дар мавридҳои мувофиқ пайдо шуда, пояи асосии ваҳдати тамоми мақомҳоро ташкил медиҳанд. Аз ин ҷиҳат услуби банду басти шашмақом бо услуби таркиббандии афсонаҳои «Ҳазору як шаб» монандӣ дорад.
Марҳалаи асосии ташаккули санъати мақомот аз давраҳои нахустини рушду такомули шеъри классикии тоҷикӣ-форсӣ оғоз ёфта, навъҳои гуногуни шеърӣ – ғазал, қасида, дубайтӣ, тарҷеъбанд, таркиббанд, мухаммас, соқинома ва ғайра дар тӯли асрҳо мабнои асосии шаклбандии ва бадеияти мақомҳоро ташкил додаанд. Баъзе шуъбаҳои қисми овозии шашмақом айнан мувофиқи қолабҳои шеърӣ сохта шудаанд. Масалан, як байт шеър таҳти оҳанги як хатти мусиқӣ суруда мешавад. Дар ин ё он жанри қисми созӣ ин порчаҳоро «Хона» мегӯянд ва ва маълум аст, ки «Хона» тарҷумаи тоҷикии «Байт»-и арабист. Матлаи ғазалро дар «Даромад»-и оҳанг месароянду мақтаашро дар «Фуровард», дар баъзе маъхазҳо «Фурудошт» гуфтаанд. Вазни оҳанг ҳам мутобиқи равонии рукнҳои шеърӣ буда, як воҳиди оҳангӣ баробари як рукн меояд.
Аз байни анвоъи шеър дар шашмақом жанрҳои ғазал, мухаммас, соқинома ва мустазод бештар мавриди истифода қарор гирифтаанд. Шуъбаҳое, ки ба навъи шеърии мустазод ё худ «Соқинома» оҳанг баста шудаанд, ҳатман номи мустазод ва «Соқинома»-ро мегиранд. «Мустазод»-бандӣ ё «Мустазод»-хонӣ дар байни аҳли мусиқӣ чун ҷанбаи махсуси ромишгарӣ ба дараҷае машҳур буд, ки дар бештари мавридҳо «Мустазод»-ҳоро бо номи ихтироъгари оҳанги онҳо ёд мекарданд (масалан, «Мустазоди Хоҷа Абдулқодир»). Дар қисми «Наср»-и шашмақом зиёда аз 50 «Тарона» иҷро мешавад, ки матни онҳоро асосан тарона, байт ва рубоиёти халқӣ ташкил медиҳанд. «Тарона»-ҳо ҳаҷман хеле хурд буда, байни шуъбаҳои калонҳаҷм вазифаи пайвандсозӣ доранд. Дар бештари «Тарона»-ҳо калимаву ибораҳои «Яло, яллало», «Ёри ман шумо», «Ҷони мо шумо», «Дӯст», «Садқа» ва ғайра гаштаву баргашта мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки ин аз решаҳои мусиқии мардумии шашмақом шаҳодат медиҳад.
Ҷанбаи назарӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷанбаи соф назарии мусиқии мақомҳо дар асарҳои илмии Абунасри Форобӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Муҳаммади Нишопурӣ, Боқиёи Ноинӣ, Насруллоҳи Чиштӣ, Абдулқодири Мароғӣ, Камолуддини Биноӣ, Ҳусайнӣ, Зайнулобидин, Қутбуддини Шерозӣ, Сафиуддини Урмавӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Кавкабии Бухороӣ, Дарвешалии Чангӣ ва дигарон таҳлилу таҳқиқ шудаанд. Дар гузашта илми иқоъ ва илми таълиф ду бахши асосии таҳқиқи ҳунари мусиқӣ ҳисоб мешуд. Абунасри Форобию Абуалӣ ибни Сино дар асарҳои хеш ҳангоми таҳқиқи назарияи мусиқӣ ба таълимоти Арасту ва Уқлидус такя намудаанд. Бо вуҷуди ин, шарҳи танбӯри Хуросон дар «Китобу-л-мусиқӣ ал-кабир»-и Абунасри Форобӣ ва таҳлили мақоми «Мустақим», яъне «Рост» дар «Китобу- ш-шифо»-и Абуалӣ ибни Сино шаҳодат медиҳанд, ки ҳатто дар асрҳои 10–11 масъалаҳои умдаи санъати мусиқии ҳамон замону макон мавриди баҳсу таҳқиқ қарор гирифта будаанд. Сафиуддини Урмавӣ дар «Китобу-л-адвор» дувоздаҳмақомро бо тамоми ҷузъиёташ шарҳу тафсир кардааст. Дар асрҳои 17– 18 суруду тарона ва лаҳну оҳангҳое офарида шудаанд, ки аз доираи дувоздаҳмақом берунанд. Дар ин миён мебоист доираи дигаре мураттаб гардад, ки суруду таронаҳои берун аз дувоздаҳмақомро фаро гирад. Ин ташаккулёбӣ аз ибтидои асри 17 оғоз гардида, дар охири асри 18 ва ибтидои асри 19 анҷом ёфт ва ба ҷойи 114 суруду оҳанги доираи дувоздаҳмақом 252 оҳангу таронаи силсилаи шашмақом ба вуҷуд омад. Баъдан ба таркиби шашмақом шаклҳои оҳангие даромаданд, ки онро ғанӣ ва рангин гардониданд. Дар охири асри 18 ва ибтидои асри 19 оид ба шашмақом баёзҳои бисёре мураттаб гардиданд. Дар ин баёзҳо матни шуъбаҳои овозии шашмақом ва тартиби иҷрои онҳо бо номи ин иё он оҳанг шарҳу тафсир дода шудаанд.
Пажӯҳиш ва омӯзиш
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар оғози асри 20 дар Бухоро таҳқиқи шашмақом аз ҷониби як идда мутахассисони рус амалӣ гардид. Профессор В. А. Успенский бори аввал дар таърих шашмақом ро ба нота гирифта, бо номи «Шашмақоми Бухоро» дар Маскав (соли 1924) ба табъ расонд. Дар ин кори хайр ба ӯ устодони ҳунари мусиқӣ Бобоғиёс Абдулғанизода ва Бобоҷалол Носирзода ёрӣ карданд. Мутаассифона, ҳангоми ба нашр омода кардан матни ашъори тоҷикии мақомҳо комилан ихтисор карда шудааст. Бо вуҷуди ин, нашри аввали шашмақом барои омӯзиш ва тарғиби ин асари бузург манбаи пурарзиш гардид. Марҳалаи наву ҷиддии сабт ва гирдоварии шашмақом дар охири солҳои 40 асри 20 (1947) бо ташаббусу раҳнамоии бевоситаи устод С. Айнӣ ва Б. Ғафуров оғоз шуда, қарори махсуси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба тасвиб расид ва барои сабти нисбатан комили нотаҳои мақомҳо устодони мусиқӣ, суннатбардорони мактаби иҷроии Бухоро – Бобоқул Файзуллоев (1897–1964), Шоҳназар Соҳибов (1903–1972), Фазлиддин Шаҳобов (1911– 1974) вобаста шуданд. Ин кори бузургу таърихӣ бо ҳамдастии муҳаққиқи рус Беляев В. М. сурат гирифта, солҳои 1950–67 дар Маскав нашри комили академии шашмақом дар 5 ҷилд ба табъ расид. Илова бар ин, дар иҷрои Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов ва гурӯҳи шогирдонашон шашмақом ба навори магнитофон сабт гардид, ки онро ҳамчунин сарояндагони хушсалиқа А. Бобоқулов, Б. Исҳоқова, Б. Ниёзов, А. Солеҳов, Н. Тоштемуров, навозандагони мумтоз Н. Шоулов, Я. Бободӯстов, Д. Муъминшоев, А. Аминов, А. Ҳасанов ва ҳофизони Ансамбли мақомхонон иҷро карданд. Нусхаи ин навор дар захираи тилоии Архиви давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз аст.
Дар Узбекистон
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Узбекистон низ нашри шашҷилдаи шашмақом зери таҳрири профессор Ф. Кароматов ба анҷом расид, ки онро академик Ю. Раҷабӣ тартиб додааст. Роҳ ва услуби устодон Домулло Ҳалим Ибодов, Ҳоҷӣ Абдулазиз Расулов, Левӣ Бобохонов (Левича), Содирхон Бобошарифов, Умари Ҳофиз, Мулло Тӯйчӣ Тошмуҳаммадов дар солҳои 50 асри 20 ба ду равияи ромишгарии шашмақом асос шуд, ки яке дар Тоҷикистон зери сарварии Б. Файзуллоев, Ф. Шаҳобов, Ш. Соҳибов ва дигаре дар Узбекистон зери сарварии Ю. Раҷабӣ, Р. Раҷабов, Ф. Содиқов, О. Алимахсумов амал мекарданд. Равияи дуввуме, ки дар Узбекистон вуҷуд дорад, асосан услуби мақомхонии ромишгарони Фарғонаву Тошканд мебошад.
Дар Тоҷикистон
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Тоҷикистон ба тарғибу такомули шашмақом аҳаммияти махсус дода мешавад. Соли 1979 дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода кафедраи мусиқии халқҳои Шарқ таъсис ёфт, ки дар он аввалин бор таълими шашмақом, сарояндагону навозандагон аз нуқтаи назари илмӣ ба роҳ монда шуд. Бисёр шогирдони ин кафедра – Хосияти Зарафшонӣ, Р. Абдуллоева, С. Наҷмиддинова, О. Ашӯрова, С. Умарова, Л. Муъминова, Ш. Ҳомидов, О. Бобоев, Х. Зарифов, Р. Норкаллаев, Л. Азизова, А. Орифов ва дигарон баъди хатми донишкада ба ҳайати ансамбли шашмақоми назди Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ дохил шуданд. Устодони шашмақомхони тоҷик сарояндагон Б. Ниёзов, Б. Исҳоқова, Н. Тоштемиров, А. Ҳошимов, М. Солиев, М. Баҳодуров, Ҷ. Муродов, Ҷ. Набиев, К. Қосимов, Ш. Муҳиддинов, Т. Иброҳимова, Н. Рауфова, Н. Раҳматова, Н. Азизов, Ҳ. Пӯлодов, М. Эргашева, А. Абдуллоев ва дигарон дар инкишофи шашмақом саҳми арзанда гузоштанд. Шашмақомхонони тоҷик дар Симпозиумҳои байналхалқии Самарқанд солҳои 1978, 1983, 1987 иштирок карда, соҳиби баҳои баланди аҳли мусиқии мамолики Шарқ гардиданд.
Шашмақом чун ҷузви асосии мероси фарҳангии мусиқии халқи тоҷик дар қатори жанрҳои анъанавии роғ, фалак, даргилик дар фарҳанги мусиқии имрӯзаи Тоҷикистон мавқеи баланд дорад. Бахшҳои қадимии он то имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳистони Тоҷикистон маъмуланд. «Талқини Дарвоз», «Ироқи Дарвоз», «Ушшоқи Дарвоз», «Дилангез», «Чорзарб» ва дигар сурудҳоро, ки Акашариф Ҷӯраев ҷамъоварӣ карда, ба навори магнитофон сабт намудааст, нишонаи он аст, ки анъанаи шашмақомхонӣ аз қадимулайём дар кӯҳистон низ ҷорӣ будааст. Соли 2000-ум панҷоҳсолагии таъсисёбии Ансамбли давлатии шашмақом дар Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд. Ба ин муносибат фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи инкишошашмақом мақоми давлатӣ дода шуд ва он минбаъд «Ансамбли давлатии Шашмақом»-и ба номи Фазлиддин Шаҳобов» номгузорӣ гардид.
Дар Тоҷикистон аз соли 2002 рӯзи 12 май ҳамчун «Рӯзи Шашмақом» ҷашн гирифта мешавад.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Шашмақом / А. Низомӣ // Н — Я. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик : [дар 2 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2015—2016, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-78-1.
- Донишномаи Шашмақом / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Д., 2009. — С. 17. — ISBN 978-99947-49-13-3
- Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 3. Д., 2004