Ғаззолии Машҳадӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Абусаид Аҳмад Ғаззолии Тўсии Машҳадӣ
Санаи таваллуд:

номаълум

Зодгоҳ:

Машҳад

Санаи марг:

995 ҳ.қ.

Шаҳрвандӣ:

Эрон

Навъи фаъолият:

шоир

Забони осор:

порсӣ

Ғаззолии Машҳадӣ

Зиндагинома[вироиш]

Аҳмад Ғаззолии Тўсии Машҳадӣ аз шоирони форсии машҳури қарни даҳуми ҳиҷрӣ ва муосиру ҳамдавраи Урфии Шерозӣ, Мўҳташами Кошонӣ ва Ваҳшии Бофиқӣ аст. Номбурда дар сол 995 ҳ.қ. аз дунё рафт. Вай дар ҷавонӣ ба дарбори ҳукумати Сафавӣ роҳ ёфт. Сипас ба Ҳиндустон гурехт ва мавриди тавҷуҳи Ҷалолиддин Акбар қарор гирифт.

Мероси адабӣ[вироиш]

Девони шеър ва ғазалиёти вай борҳо дар Ҳинд ва Эрон чоп шудааст. Аз муҳимтарин таълифоти ин шоири бузург бояд ба маснавиҳои «Нақши бадеъ» ва «Мирот-ул-коинот» ишора кард.

Намунаи ашъор[вироиш]

Хоки дили он рўз, ки мебехтанд,
Шабнаме аз ишқ бар-ў рехтанд.
Дил ки бад-он рашҳа ғамандуд шуд,
Буд кабобе, ки намак суд шуд,
Дидаи ошиқ, ки диҳад хуни ноб,
Ҳаст ҳамон хун, ки чакад з-он кабоб.
Бе асари меҳр чӣ обу чӣ гил!
Бе намаки ишқ чӣ сангу чӣ дил.
Дил, ки зи ишқ оташи савдо дар-ўст,
Қатраи хунест, ки дарё дар-ўст.
Беҳ, ки на машғул ба ин ишқ шавӣ,
К-аш бибари гиря чу ғофил шавӣ.
Нозукии дил сабаби қурби туст,
Гар шиканад кори ту гардад дуруст.
Кор чунон кун, ки дар ин тира хок,
Домани исмат накуни чок-чок!
Ишқ баланд омаду дилбар ғаюр,
Дар адаб овезу раҳо кун ғурур.
Рўи бутон гарчи саросар хушаст,
Куштаи онем, ки ошиқ кушаст.
Султон гўяд, ки нақди ганҷинаи ман,
Сўфӣ гўяд, ки далқи пашминаи ман.
Ошиқ гўяд, ки доғи деринаи ман,
Ман донаму ман, ки чист дар синаи ман.

Адабиёт[вироиш]

1.Забебуллоҳ Сафо. Таърих адабиёт дар Эрон.-ҷ.5/2.-Теҳрон, 1371.-с.700

2.Викпедияи форсӣ