Ваҳшии Бофқӣ
Таърихи таваллуд: | 1532 ё 1532[1] |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1582 ё 1583[2] |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир, адиб |
Забони осор: | форсӣ |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Камолуддин ё Шамсуддин Муҳаммад Ваҳшии Бофқӣ (форсӣ: شمسالدّین محمّد وحشی بافقی; 1532 ё 1532[1], Бофқ, Устони Язд — 1582 ё 1583[2]) — шоири форс-тоҷики аҳди Сафавӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Вай аз хонадонӣ мутавассит дар Бофқ бархоста буд. Бародари солмандтараш Муродии Бофқӣ низ аз шоирони рӯзгори худ буд ва дар тарбияти Ваҳшӣ ва ошно карданаш бо маҳфилҳои адабӣ саҳми зиёд дошт, вале пеш аз он ки Ваҳшӣ дар шоирӣ ба шуҳрат расад падруди ҳаёт гуфт ва Ваҳшӣ аз ӯ дар ашъори худ чанд бор ёд кардааст.
Валодати Ваҳшӣ зоҳиран дар нимаи аввали садаи даҳум дар Бофиқ (бар сари роҳи Язду Кирмон) иттифоқ афтод, ба ҳамин сабаб Ваҳширо гоҳ Яздӣ ва гоҳ Кирмонӣ гуфта ва навиштаанд. Оғози ҳаёташ дар зодгоҳаш сипарӣ шуд ва дар онҷо ба ғайр аз бародараш дар хидмати Шарафуддин Алии Бофқӣ ба касби донишу адаб пардохт. Ваҳшӣ пас аз омухтани муқаддамоти адаб аз Бофиқ ба Язд ва аз онҷо ба Кошон рафт ва чанде дар он шаҳр саргарми мактабдорӣ буд ва сипас аз рӯзгоре ба Язд бозгашт ва ҳамонҷо монд ва ба шоирӣ ва ситоиши фармонравоёни он шаҳр саргарм буд то ба соли 991 ҳ ва падруди ҳаёт гуфт.
Дар бораи иллати вафоташ суханоне ҳаст, ки агар рост бошад метавонад мояи шигифти хонанда гардад. Масалан баъзе навиштаанд, ки аз ифрот дар майхорагӣ мурд, бархе дигар муддаи шудаанд ки вай бар дасти « маъшуқи бемуруввати худ кушта шуд». ба ҳар ҳол Ваҳшӣ дар Язд даргузашт ва ҳамон ҷо дар кӯйи «Сарбурҷ» ба хок супурда шуд.
Ваҳшӣ марде покбоз, вораста, ҳассос, хурсанд, баландҳиммат ва гӯшагир буд. Ӯ бархилофи шоирони аҳди худ аз Эрон пой берун наниҳод ва ҳатто аз Бофиқ танҳо чанд гоҳе ба Кошон ва боқии умрро ба Язд рафту ҳамонҷо бимонд. Мақсуди ӯ аз шоири дар ҳақиқат иштиғол ба ҳунар ва адаб ва баёни андешаҳо ва эҳсосҳои худ аз он роҳ буд на касби мол ва андухтани симу зар. Даврони камоли шоириро дар Язд гузаронд ва барои касби маош танҳо ба ситоиши риҷоли Язду Кирмон пардохт. Дар девони ӯ қасидае дар ситоиши шоҳ Таҳмосб ва моддаи таърихӣ дар бораи вафоташ дида мешавад вале мамдӯҳ ва ҳомии воқеии ӯ Мири Мирон аз наводагони духтари Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ ва ҳокими Язд будааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Куллиёти Ваҳшӣ иборат аз нуҳ ҳазор байт ва шомили қасида, таркибу тарҷеъ, ғазал, қитъа, рубоӣ ва маснавӣ аст. Қасидаҳои ӯ дар ситоиш ва таркибҳову тарҷеъҳояш, хоса мураббаъ ва мусаддаси онҳо ҳама аз назмҳои бисёр дилпазири аҳди Сафавӣ аст. Соқиномаӣ тӯлонии ӯ, ки ба сурати тарҷеъбанд суруда дар навъи худ камназир аст ва ҳамин арзишро мусаддасу таркибҳо ва мураббаъву таркибҳоӣ Ваҳшӣ дар шеъри ғиноии форсӣ дорад. Бо ин ҳама бояд ғазалҳои ӯро саромади шеърҳои ӯ дар ин роҳ донист чандонки бештари онҳо дар сафи авал аз асарҳои ғиноии форсӣ аст. Ваҳшӣ ду маснавие ба истиқбол аз Хусраву Ширини Низомӣ дорад яке ба номи «Нозиру манзур» ва дигаре ба номи «Фарҳоду Ширин». Маснавии нахустин ба соли 966 ба поён расид ва фарогири 1569 байт аст ва аммо маснавии дуввум, ки аз шоҳкориҳои адаб дар амотики порсӣ аст, ҳам аз аҳди шоир шуҳрати бисёр ёфт лекин ваҳшӣ аз 1050 байтро навишта боқӣ аз онро Висоли Шерозӣ шоири машҳури садаи сездаҳуми ҳиҷрӣ (1262) суруда ва бо афзунии 1251 байт онро ба поён расонидааст. Шоири дигар бо номи Собир баъд аз Висоли Шерозӣ 304 байт ба ин манзума афзуд. Манзумаи дигаре, ки Ваҳшӣ ба пайравии Низомӣ суруда «Хулди барин» аст бар вазни «Махзан-ул-асрор» ва мураттаб ба ҳашт равза. Маснавиҳои кутоҳе аз Ваҳшӣ дар мадҳу ҳаҷв ва назоири онҳо боз монда, ки аҳамияти манзумаҳои ёдшударо надорад.
Вай саъй дорад андешаҳои латифи худро ҳамроҳ бо авотифи гарм бо забони сода ва пур аз сидқ боз гӯяд то битавонад ба воқеъ баён кунандаи сӯзҳову созҳо ва ҳолҳову розҳои худ бошад. Ба ҳамин сабаб аст, ки маснавиҳо ва ғазалҳои ӯ пур аз нуктаҳои дилпазир ва мазмунҳову фикрҳои тоза гардид ва махсусан ғазалҳояш чунон бо эҳсосҳои ҳоду сӯзанда ҳамроҳ шуда, ки гоҳ ба ахгирҳои сӯзон шабоҳат ёфта аст. таваҷҷуҳ ба санъатҳо ва ороишҳои лафзӣ низ дар оини суханварии Ваҳшӣ сутуда намебуд магар онки насҷи калом иқтизо карда бошад, чунонки дар сухани дигар содагӯёни форсӣ мебинем.
Намунаи ашъор
[вироиш | вироиши манбаъ]Тарки мо кардӣ, бирав ҳамсуҳбати ағёр бош,
Ёри мо чун нестӣ бо ҳар ки хоҳӣ ёр бош.
Масти ҳусни бо рақибон майли майхурдан макун,
Бад ҳарифонанд онҳо гуфтамат ҳушёр бош.
Онки моро ҳеч бархурдорӣ аз васлаш набуд,
Аз ниҳоли васли ӯ гӯ ғайр бархурдор бош.
Гарчи медонам, ки дӯшвор аст сабр аз рӯи дӯст,
Чанд рӯзе сабр хоҳам кард, гӯ душвор бош.
Сабр хоҳам кард Ваҳшӣ дар ғами нодиданаш,
Ман, ки хоҳам мурд гӯ аз ҳасрати дидор бош.
Мо чун зи дарӣ пой кашидем, кашидем,
Умед зи ҳар кас ки буридем, буридем.
Дил нест кабӯтар ки чу бархест нишинад,
Аз гӯшаи баме ки паридем, паридем.
Рам додани сайд, худ аз оғоз ғалат буд,
Ҳоло ки рамондӣу рамедем, рамедем.
Кӯии ту ки боғи Ирами равзаи хулдаст,
Ингор ки дидем надидем, надидем.
Сад боғи баҳор асту салои гулу гулшан,
Гар миваи як боғ начедем, начедем.
Сар то ба қадам теғи дуъоему ту ғофил,
Ҳон воқифи дам бош раседем, раседем.
Ваҳшӣ сабаби дурию ин қисм суханҳо,
Он нест ки мо ҳам нашунидем, шунидем.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Identifiants et Référentiels (фр.) — ABES, 2011.
- ↑ 2.0 2.1 Library of Congress Authorities (ингл.) — Library of Congress.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Таърихи адабиёт дар Эрон. Ҷилди дуввум. С. 290, Интишороти Фирдавс. 1391 Тироз. Таълифи дуктур Забеҳуллоҳ Сафо
- Ваҳшии Бофқӣ / А. Раҳмонфар // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.