Ғайратулло Файзуллоев
Намуди зоҳирӣ
Ғайратулло Файзуллоев | |
|---|---|
| Ғайратулло Фатҳуллоевич Файзуллоев | |
| Таърихи таваллуд | 1 ноябр 1983 (42 сол) |
| Зодгоҳ | ноҳияи Варзоб, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС |
| Кишвар |
|
| Фазои илмӣ | фалсафа |
| Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
| Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои фалсафа |
| Алма-матер | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Ғайратулло Фатҳуллоевич Файзуллоев (тав. 1.11.1983, д. Сарикутали ҷамоати деҳоти Чорбоғи н. Варзоб), омӯзгори фанни фалсафа, номзади илмҳои фалсафа (2019).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ғайратулло Файзуллоев хатмкардаи ДИТ- и ба номи Имом Аъзам (2010), магистри Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (2010- 2012), аспирант ва муаллими калони кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (аз соли 2012). Дар мавзуи «Хусусиятҳои омӯзиши гносеологии «Ихвон – ус – сафо»« (ҷанбаи фалсафӣ ва мазҳабӣ) рисола ҳимоя кардааст. Муаллифи зиёда аз 20 мақолаи илмӣ ва илмӣ- оммавӣ.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Хусусиятҳои омӯзиши гносеологии «Ихвон – ус – сафо» (ҷанбаи фалсафӣ ва мазҳабӣ). Д., 2021;
- Дастури таълимӣ аз фанни фарҳангшиносӣ.Д., 2021.