Jump to content

Ғайратшо Роҳатов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ғайратшо Роҳатов
Таърихи таваллуд 11 январ 1947(1947-01-11) (77 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ванҷ ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Алма-матер Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Ҷоизаҳо «Аълочии маорифи Тоҷикистон»

Ғайратшо Роҳатов (тав. 11.01.1947, д. Мурғудгаи н. Ванҷ) — омӯзгори фанни таърих. «Аълочии маорифи Тоҷикистон».

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ғайратшо Роҳатов солҳои 1970–1974 дар факултети таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил кардааст. Солҳои 1974–1995 лаборант, муаллим, муаллими калони кафедраи таърихи ИҶШС ва кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буд. Солҳои 1995–2001 ҳамчун муовини ректори донишгоҳи омӯзгорӣ оид ба корҳои тарбиявӣ кор кардааст. Аз соли 2001 то ба имрӯз ҳамчун муаллими калон ва дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият дорад. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» сарфароз шудааст.