Ғараз
Зоҳир
Ғараз (ар. غرض — ҳадаф, мақсад, ирода) — дар илми ахлоқ қасд, ирода ва нияти нопок доштан нисбат ба касе, ба суди худу ба зиёни дигаре кореро анҷом додан аст.
Ғараз ду навъ дорад:
- ҷалӣ (ошкоро), ба мисли қасдона амалеро бар зарари дигарон анҷом додан;
- хафӣ (пинҳонӣ), ба мисли кинварзӣ, бадбинӣ, бадхоҳӣ.
Беғараз ба маънои бекина ва бетамаъ, беғаразона бошад, холисона ва содиқона аст.
Дар адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Ғараз ба ин маъно дар адабиёти форс-тоҷик мавриди истифода қарор гирифтааст:
Ғаразҳо тира дорад дӯстиро,
Ғаразҳоро чаро аз дил наронем?
Беғараз панд ҳамчу қанд бувад,
Боғараз панд пойбанд бувад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- دهخدا علي اكبر. لغتنامه. جلد ٢٣. تهران، ١٩٦٣؛
- حسن عميد. فرهنگ عمید. جلد ٢. تهران، ١٣٨٩ ش.؛
- محمد معين. فرهنك فارسي. جلد ٦. تهران،١٣٩٠ ش.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ғараз / А. Низомов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.