Ғарбгароӣ
Ғарбгароӣ — раванди гароиш ба фарҳангу тамаддуни Ғарб, интихоб ва истифодаи кӯр-кӯронаи дастовардҳои Ғарб дар тафаккур ва муҳити фарҳангию маънавии шарқиён бо нодида гирифтани ҷанбаҳои манфӣ ва тамоюли истеъмории он.
Заминаҳои зуҳур
[вироиш | вироиши манбаъ]Ғарбгароӣ дар асрҳои 18-19 дар ҳаёти иҷтимоию маънавии Шарқ аввал дар муҳити буржуазияи миллии навтавлидёфта зери таъсири капитализми Ғарб ва баъдан дар доираҳои зеҳнӣ ва илмии мардумони Шарқ, ки идеологҳои буржуазияи навтавлид буданд, ташаккул ёфт. Ғарб дар се садаи охир бо сабаби комёбӣ дар самти рушди илму техника ва иқтисодиёти пешрафта, на танҳо ҳаёти иқтисодию сиёсии кишварҳои мусулмониро дар тобеияти худ қарор дод, балки кӯшиш мекард, ки тамоми ҷанбаҳои ҳаёти маънавию фарҳангии онҳоро низ зери нуфузи худ дарорад. Ин сиёсатро Руссия ҳам дар замони ҳукумати подшоҳӣ ва Иттиҳоди Шӯравӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ пиёда месохт.
Сабабҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Сабаби зуҳури ғарбгароӣ на танҳо дар қафомонии ҳаёти илмӣ-техникӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии мамлакатҳои Шарқ, балки дар огоҳии сатҳӣ ва шинохти яктарафаи онҳо аз дастовардҳои тамаддуни Ғарб низ буд. Фарҳанг ва тамаддуни Ғарб аз пуштибонии дониш ва коршиносии ҷадид бархурдор буд, аммо олами Шарқ дар он замон чунин имкон надошт, аз ин рӯ, ба таъсири фарҳангу тамаддуни неруманди ғарбӣ дучор омад. Азбаски Шарқ дар рӯбарӯи ҳуҷумҳои рӯзафзуни тамаддунию фарҳангии Ғарб истодагарӣ карда натавонист, зери фишори он монда, ба «ҳайрати фарҳангӣ» афтод, ки ин оқибат Ғарбгароӣ-ро ба бор овард. Ғарбгароӣ робитаи инсонро аз таърихи гузаштаи худ гусаста, аз ин нигоҳ маънои асолатбохтагӣ, беҳувиятиро дорад.
Пайомадҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар заминаи Ғарбгароӣ ғарбзадагӣ зуҳур мекунад, ки ҳолати ифротии он аст. Ғарбзада фардест, ки ба бегонагон тақлид мекунад. Дар кишварҳои шарқӣ дар муқобили ғарбгароӣ падидаи шарқгароӣ зуҳур кард, ки ҳадафи асосии он тоза кардани ҳаёти фарҳангию маънавӣ ва тафаккури ҷомеа аз ғарбгароӣ аст. Мунаққидони ғарбгароӣ баъзан ба ифрот роҳ дода, дар ақибмондагии Шарқ танҳо Ғарбро айбдор дониста, дар айни замон дигар сабабҳои қафомонии он, аз ҷумла таассуби диниеро, ки садсолаҳо ба рушди илму техника монеа эҷод кард ва онро побанди дастовардҳои Ғарб сохт, нодида мегиранд. Ғарбгароӣ аз ғарбшиносӣ тафовут дорад, чунки ғарбшиносӣ шинохти воқеъбинонаву ҳамаҷонибаи Ғарб ва интихобу истифодаи бошууронаи дастовардҳои навини фарҳангу тамаддуни он бо назардошти манфиатҳои миллии шарқӣ аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ғарбгароӣ / Қ. Нурулҳақов // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.