Jump to content

Ғарибшо Ақназарбеков

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ғарибшо Ақназарбеков
Ғарибшо Сафдарович Ақназарбеков
Таърихи таваллуд 28 феврал 1954(1954-02-28)
Зодгоҳ деҳаи Барчиди ноҳияи Шуғнон
Шаҳрвандӣ  Тоҷикистон Тоҷикистон
Ҷоизаҳо

ордени Шараф

Ғарибшо Сафдарович Ақназарбеков (28.02.1954, деҳаи Барчиди ноҳияи Шуғнон) — генерал-майори хидмати дохилӣ (1999). Мактаби махсуси милитсияи ВКД СССР дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон (1978) ва Академияи ВКД Федератсияи Россия (1998)-ро хатм кардааст. Солҳои 1978 – 90 нозир, сарнозир, сардори қисми фаврӣ, муовин ва сардори калоннаи Раёсати муассисаҳои ислоҳӣ-кории ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ва шаҳри Қӯрғонтеппа, 1992 – 1993 муовини сардори ҳамин раёсат дар шаҳри Душанбе, 1993 – 1995 сардори ШКД шаҳри Хоруғ, 1996 – 2000 сардори Раёсати корҳои дохилии ВМКБ, 2001 – 2003 муовини сардори Раёсати корҳои ислоҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2003 – 2004 муовини сардори Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз соли 2004 муовини фармондеҳи Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ақназарбеков бо ордени Шараф, медалу ифтихорномаҳои соҳавӣ сарфароз гардидааст.