Ғассон ибни Аббод
Ғассон ибни Аббод |
---|
Ғассон Ибни Аббод (форсӣ: غسّان ابن عبّاد) — волии Хуросон (818—821), яке аз сарлашкарони халифа Маъмун (ҳукмронӣ 813—833).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 817 дар ҷанг бо ҷонибдорони Амин асир афтода, пас аз раҳоӣ душманони Иброҳим ибни Маҳдиро саркӯб намуд ва дар аҳди Иброҳим муддати кӯтоҳ волии Куфа буд. Соли 818 халифа Маъмун Раҷо ибни Абизаҳҳокро бо сабаби ноуҳдабароияш аз мансаби волии Хуросон озод намуд ва Ғассон ибни Аббодро ба ҷойи ӯ таъйин кард. Ба қавли Наршахӣ ва Гардезӣ, Ғассон ибни Аббод замони волии Хуросон буданаш «Лайс ибни Саъдро аз Самарқанд маъзул карда, Нӯҳ ибни Асадро ҳоким таъйин кард». Соли 821 бо ташаббуси вазири Маъмун — Аҳмад ибни Абихолид Ғассон ибни Аббод аз вазифаи волии Хуросон озод ва ба ҷойи ӯ Тоҳир ибни Ҳусайн волии Хуросон таъйин карда шуд. Ғассон ибни Аббод муддате дар дарбори халифа монд. Солҳои 828-29 ба сабаби сарпечӣ кардани волии Синд аз итоати дарбори хилофати Бағдод Ғассон ибни Аббод бо супориши Маъмун ба он ҷо фиристода шуд ва волии онро ба Бағдод равон карда, Мусо ибни Яҳёро ба мансаби волигӣ нишонд (ба қавли Табарӣ Ғассон ибни Аббод солҳои 828-32 волии Синд буд). Пас аз вафоти Маъмун халифаи нав Муътасим Ғассон ибни Аббодро волии ал-Ҷазира, Қиннасрин ва ал-Авосим таъйин кард.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ғассон ибни Аббод / Ғ. Ғоибов // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.