Ғафор Алимов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Ғафор Алимов
Ғафор Яҳёевич Алимов
Санаи таваллуд:

13 сентябр 1955(1955-09-13)

Зодгоҳ:

Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон, СССР

Санаи марг:

номаълум

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

ботаника

Ҷойҳои кор:

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Алма-матер:

Донишкадаи давлатии хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон

Ҷоизаҳо:

ордени «Байрақи сурх», «Ҷанги Бузурги Ватанӣ» дараҷаи дуюм, «Нишони фахрӣ», нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» ва 6 медал

Ғафор Яҳёевич Алимов (тав. соли 1917, ш. Ленинобод – ваф. маълум нест), муаллими фанни ботаника. «Аълочии маорифи Тоҷикистон»

Зиндагинома[вироиш]

Соли 1939 факултети агрономии Донишкадаи давлатии хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои 1939–1940 агрономи калони истгоҳи мошин ва трактори (МТС) ноҳияи Ҳисор буд. Солҳои 1941–1945 дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок намудааст. Солҳои 1946–1948 ҳамчун назоратчии калони Вазорати назорати давлатии ш. Сталинобод, 1949–1957 муовини директор оид ба таълими мактаби коркунони хоҷагии қишлоқ, 1957–1979 ба ҳайси муаллими калони кафедраи ботаникаи факултети географияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко фаъолият намудааст. Дар муддати 22 соли фаъолияти омӯзгориаш дар донишкадаи омӯзгории пойтахт дар тарбияи ҳазорҳо мутахассисон саҳм гузоштааст. Оид ба ихтисосаш корҳои илмӣ ва маводҳои таълимӣ ба нашр расонидааст.

Мукофот[вироиш]

Бо ордени «Байрақи сурх», «Ҷанги Бузурги Ватанӣ» дараҷаи дуюм, «Нишони фахрӣ», нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» ва 6 медал мукофотонида шудааст.

Пайвандҳои беруна[вироиш]