Ғаффор Мирзоев
Мирзоев Ғаффор Ҷабборович | |
Таърихи таваллуд | 18 январ 1964 (60 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Ванҷ, ВАКБ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | фалсафа |
Ҷойҳои кор | Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои фалсафа |
Ғаффор Мирзоев (Мирзоев Ғаффор Ҷабборович; 18 январи 1964, ноҳияи Ванҷ, ВАКБ, ҶШС Тоҷикистон) — файласуфи тоҷик, доктори илмҳои фалсафа (2020).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ғаффор Мирзоев 18 январи соли 1964 дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Тоҷикистон ба дунё омадааст. Дар соли 1989 шуъбаи забон ва адабиёти арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси забонҳои шарқ ва адабиёт хатм кардааст.
Фаъолияти корӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пас аз хатми донишгоҳ ба сифати тарҷумони забони арабӣ аввал дар Ҷумҳурии Арабии Сурия ва сипас дар Ҷумҳурии Ироқ ифои вазифа намудааст. Аз соли 1992 то соли 1996 дар шуъбаи аспирантураи Институти фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶТ таҳсил намудааст. Баъди он дар Шуъбаи таърих ва фалсафаи дини Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ чун ходими илмӣ кор карда, ҳамзамон аз соли 1996 то соли 1999 дар кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз фанни таърихи фалсафа, фалсафаи иҷтимоӣ ва фалсафаи тибб ба ҳайси омӯзгор фаъолият намудааст.
Феълан Ғаффор Мирзоев дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вазифаи мудири шуъбаи масъалаҳои фалсафии дин фаъолият намуда[1], инчунин дар кафедраи «Фанҳои ҷомеашиносӣ»-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон аз фанни фалсафа ба донишҷӯён дарс мегӯяд.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ғаффор Мирзоев дар соли 2009 рисолаи номзадияшро дар мавзӯи «Ислом дар матни шуури иҷтимоии мардуми тоҷик (гузашта ва имрӯза)»[2] ва дар соли 2020 рисолаи докторияшро дар мавзӯи «Консепсияҳои ислоҳотхоҳӣ ва ҳаракатҳои навсозӣ дар ислом (таҳлили фалсафӣ-интиқодӣ)» ҳимоя намуда, феълан дар самтҳои мухталифи соҳаи фалсафа, масоили назарии ҷомеашиносии дин ва фалсафаву диншиносӣ таҳқиқот мебарад. Инчунин, таълифоти ӯ ба мисли «Вижагиҳои ташаккул ва таҳаввули тафаккури динии тоҷикон», «Омӯзаҳои ислоҳотхоҳӣ дар ислом ва мушкилоти онҳо», «Таърихи динҳо» ва ғайра ва боз мақолаҳои зиёдаш ба чоп расидаанд, ки дар онҳо муаллиф масоили гуногуни иҷтимову фалсафӣ ва фалсафиву диншиносиро таҳқик намудааст.
Пажӯҳишҳои илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Доираи масоили мавриди таҳқиқоту пажӯҳишҳои илмии Ғаффор Мирзоев асосан масъалаҳои назариявии фалсафиву иҷтимоиро дар бар гирифтааст, ки муҳимтарини ин масъалаҳо — соҳаи маънавии ҳаёти иҷтимоӣ, фалсафаи бунёдии дин, сотсиологияи дин, масъалаҳои давлати дунявӣ, коркарди назарияи исломшиносии муосир, таносуби миллият ва диният, масъалаи маориф, масоили ислоҳи шуури динӣ ва танзими маросимҳои динию миллӣ дар Тоҷикистон мебошанд.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ислом дар матни шуури иҷтимоии мардуми тоҷик (гузашта ва имрӯза). — Душанбе, 2009. — 152 с.
- Вижагиҳои ташаккул ва таҳаввули тафаккури динии тоҷикон. — Душанбе: «Дониш», 2011. — 122 с.
- Таърихи динҳо (Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни макотиби олӣ ва аспирантону увонҷӯён). — Душанбе: «Дониш», 2014. — 375 с. (ҳаммуаллифӣ)
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дин. ifppanrt.tj. 1 Декабри 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 ноябри 2020.
- ↑ Мирзоев, Гаффор Джабборович. Ислам в контексте общественного сознания таджиков: история и современность. Научная электронная библиотека disserCat (2009).