Ғиёсуддин Мироҷов
Ғиёсуддин Қутбуддинович Мироҷов | |
Таърихи таваллуд | 1944 |
Зодгоҳ | |
Фазои илмӣ | пизишкӣ |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои тиб[d] |
Алма-матер |
Ғиёсуддин Қутбуддинович Мироҷов — доктори илми тиб (1982), профессор (2008). Академик (2001). Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1999). Дорандаи Ҷоизаи ба номи Е.Н.Павловскийи АИ ҶТ (2003).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ғиёсуддин Қутбуддинович Мироҷов Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро ба поён расондааст (1968), ихтисос – «гастроэнтерология. Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: гастроэнтерология, бемориҳои дарунӣ. Ходими калони илмӣ, муовини директори Институти гастроэнтерологияи АИ ҶШС Тоҷикистон (1972-1995). Сардори Раёсати илм ва муассисаҳои илмии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995-2000). Директори Институти гастроэнтерологияи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000-2009). Академик-котиби Шуъбаи илмҳои биология ва тибби АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001-2005). Президенти Академияи илмҳои тиббии назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009 - 2011), директори Институти гастроэнтерологияи Академияи илмҳои тиббии назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009 – то имрӯз).
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1999).
- Дорандаи Ҷоизаи ба номи Е.Н.Павловскийи АИ ҶТ (2003).[1][2]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с
- ↑ [ http://www.ant.tj/culture/academy/structure_ant/35-otdelenie-biologicheskih-i-medicinskih-nauk.html Бойгонӣ шудааст 23 сентябри 2015 сол. Отделение биологических и медицинских наук]
Пайвандҳои беруна
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аъзои пайвасти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. Бойгонӣ шудааст 18 сентябри 2017 сол.