Ғуломон
"Ғуломон" — , романи дуввуми устод С. Айнӣ.
Соли таълиф ва забони асар
[вироиш | вироиши манбаъ]Онро соли 1934 бар пояи повести «Қулбобо», ки соли 1928 ба забони ӯзбекӣ чоп шудааст, ба анҷом расонид. С. Айнӣ ин асарро ба ӯзбекӣ («Қуллар») низ таълиф кардааст, ки аз рӯи муҳтавову ҳаҷм аз гунаи тоҷикии он фарқҳо дорад.
Мазмуни асар
[вироиш | вироиши манбаъ]"Ғуломон" зиндагию рӯзгори беш аз садсолаи тоҷикон, бавижа, минтақаи Варорӯдро (1824–1933) бозтоб кардааст. И. С. Брагинский «Ғуломон»-ро якҷо бо повести «Одина» ва романи «Дохунда» асари сегона (трилогия)-и хосса мешуморад, ки тасвири ҳамосию чандҷонибаи ҳаёту муборизаи мардуми тоҷикро то як садсола дар бар гирифтаанд. Ба таъбире, С. Айнӣ бо анҷоми ин роман силсилаи асарҳои мансури худ – «Одина», «Дохунда» ва «Ғуломон»-ро ба поён мерасонад.
Зиллати ғуломдорӣ, нафрат ба ин падида ва эътиқоду умеди расидан ба озодӣ аз ҳар сатри ин асар ҳувайдост. Дар ростои ин тазод С. Айнӣ ҳамзамон ду мавзӯъро пайваста таҳқиқ менамояд: яке таназзули тадриҷии феодализм ва дигаре мавзӯи бедории синфӣ, худшиносии миллӣ, рушди рӯҳияи инқилобии мардум аст, ки аз рӯзгори вомондаю дилгиру таҳқиромези аморати худкомаи Бухоро хаставу дилтанг шудаанд.
Бахшҳои асар
[вироиш | вироиши манбаъ]"Ғуломон" аз панҷ қисм таркиб ёфтааст; агарчи шахсиятҳои бисёре дар он амал менамоянд, дар маркази тасвир мардум қарор гирифтаанд. Дар асар зиндагии тоҷикон, ки аз ақвоми бумию қадимии Осиёи Марказианд, табиату урфу таомули онҳо ва аз ҳама беш тақдири ин миллати бофарҳангу донишсоз дар як давраи пуртаҳлукаи таърихӣ ба таври табиию воқеъбинона қаламдод шудааст ва хусусияти миллии «Ғуломон» низ дар ҳамин аст.
Сужаи асар
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатти сужети "Ғуломон" бар пояи зиндагиву сарнавишти як авлоду се насл қарор гирифтааст. Саромади насли аввал Раҳимдод ном ғуломест, ки ӯро хоҷагонаш дар 7-солагӣ Некқадам ва дар пирӣ Бобоғулом ном мебаранд. Насли дуввумро писари Раҳимдод – Эргаш ва насли севвумро писари Эргаш – Ҳасан намояндагӣ мекунанд. Ба насли якум ғуломону канизони бисёре – Ашӯри ҷасур, Фарҳод, Ҳошим, Очил, Зебо, Гулсум дохиланд. Раҳимдод ё худ Некқадам дар наврасӣ ҳамроҳи 20 нафари дигар ба асорати дастаи ғоратгарони Абдурраҳмони туркман меафтад. Сипас ба ғуломҷаллоби хевагӣ – Муҳаммад Каримбой фурӯхта мешавад ва Каримбой дар бозори Сораи устони Бухоро ӯро ба 40 тангаи тило ба Абдурраҳимбойи шофиркомӣ мефурӯшад.
Пайванд бо ҳаводиси таърихӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Мувофиқи муоҳадаи сулҳе, ки соли 1868 байни аморати Бухорову ҳукумати Русия баста шуда буд, бояд тамоми ғуломону канизони қаламрави Бухоро то соли 1880 «озод» мешуданд. Некқадам низ баробари дигар ғуломони Абдурраҳимбой «озод» ва баъд бо Гулсум ном канизак хонадор мешавад. Дар роман пас аз нуфузи Руссия дар Осиёи Марказӣ агарчи бардадорӣ дар Бухоро расман манъ шудааст, идомаи он дар шакли дигар, дар мисоли образи Раҳимдод (Некқадам, Бобоғулом) ва ғуломоне мисли ӯ моҳирона тасвир ёфтааст.
Насли дуввуми ғуломон аз аввалӣ фарқ дорад. Агар Раҳимдод тарсуву беҷуръату камҳаракат бошад, писари ӯ – Эргаш ва ҳамсафонаш – Ғуломҳайдар, Сафарғулом, Нормурод ва амсоли онҳо дар оташи муборизаву талош баҳри озодию зиндагии озод обутоб ёфтаанд.
Писари Эргаш – Ҳасан ва Муҳаббату Фотима ва дигар ҳамсафони ӯ ба намояндагӣ аз насли севум ба саҳнаи тасвир мебароянд, ки инҳо акнун аз насли шӯравӣ шумурда мешаванд ва дар қисми панҷуми асар фаъолият мекунанд. С. Айнӣ тавонистааст, ки ин давраро бо тазодду печидагиҳояш ба тасвири бадеии муҳаққиқона кашад.
Сабки нигориш
[вироиш | вироиши манбаъ]«Ғуломон» бо сабку гуфтори басо зарифу рангин нигошта шудааст; дар он ифодаҳои гуногуни адабӣ, чун нақлу ривоят, латифа ва мақолу зарбулмасалҳо, инчунин порчаҳои шеърӣ ва сурудҳо хеле муваффақонаву ҷаззоб оварда шуданд. Намунаҳои шеърии роман, ки ҷо-ҷое ба назар мерасанд (дар маҷмӯъ 143 байт), маҳз барои нусхаи тоҷикии он тасниф гардидаанд.
Тарҷума ба забонҳои дигар
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин асар ба забонҳои русӣ, белорусӣ, туркманӣ, эстонӣ, қазоқӣ, лаҳистонӣ, уйғурӣ, чехӣ тарҷумаву чоп гардида, чун намунаи асари бадеии реалистии мардумии Осиёи Марказӣ дар осори 200-ҷилдии китобхонаи адабиёти ҷаҳонӣ ҷой дода шудааст.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]."Ғуломон" / А. Кӯчаров // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — С. 134. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]| Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |