Jump to content

Ғулом Ҷабборов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ғулом Ҷабборов
Ғулом Ҷабборов
Таърихи таваллуд 19 октябр 1917(1917-10-19)
Зодгоҳ Бухоро, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 1998(1998)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ физика
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои физика ва математика
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Ғулом Ҷабборов (19 октябри 1917, Бухоро — 1998, Душанбе) — физикдон, номзади илмҳои физика (1973), дотсент (1975), иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1935 Омӯзишгоҳи омӯзгории ш. Бухороро хатм кардааст. Солҳои 1935—1941 дар яке аз мактабҳои ш. Сталинобод ба сифати муаллим кор кардааст. Солҳои 1941—1944 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хидмат карда, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок намудааст. Солҳои 1944—1950 мудири хонаи бачагони шаҳраки Шаҳринав, 1950—1951 мудири хонаи бачагони ш. Душанбе, 1951—1957 нозир ва сардори шуъбаи кадрҳои Вазорати маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон буд. Соли 1957 шуъбаи ғоибонаи факултети физика-математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Сталинобод ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм намудааст. Солҳои 1957—1975 ҳамчун муаллими калон, аз соли 1975 то охири умр дотсенти кафедраи физикаи умумии донишкадаи номбурда кор кардааст. Соли 1974 бо ташаббуси ӯ дар назди факултети физикаи донишкадаи омӯзгорӣ кафедраи методикаи таълими физика ташкил карда шуд. Ӯ ҳамчун аввалин мудири кафедраи методикаи таълими физика кор кардааст. Инчунин бо ташаббуси ӯ дар назди кафедра лабораторияҳои намоиши таҷрибаҳо, дарсҳои амалии физикӣ ва кабинетҳои воситаҳои техникии таълим, физикаи мактабӣ, методикаи таълими физика ташкил карда шуд. Оид ба методҳои вусъати робитаи баръакс ва дигар масъалаҳои таълими физика кори илмӣ бурдааст.

Хидматҳояш бо медалҳои «Барои меҳнати шуҷоатнок дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, солҳои 1941—1945», «Барои меҳнати шоён», «Барои ғалаба бар фашизм», унвони фахрии «Муаллими хизматнишондодаи мактаби ҶСШ Тоҷикистон» (1976) ва ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз карда шудааст.