Jump to content

Гӯристон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Қабристон)
Гӯристон
Оромгоҳи Навобод, ш. Душанбе

Гӯристон, қабристон — ҷойи дафнкунии майитҳо.

Дафнкунии майитҳо ҳанӯз аз давраи палеолит (тақр. 50-40 ҳаз. сол муқаддам) оғоз ёфтааст. Дар он давра майитҳоро дар худи қароргоҳ мегӯрониданд. Қабристонҳо дар давраи мезолит пайдо шудаанд. Дахмаю новусҳоро барои дафни майитҳо дар Суғд, Истаравшан, Фарғона, Чоч ва Бохтар низ васеъ истифода мебурданд. Дар шаҳрҳои Суғд дахмаҳое ёфт шудаанд, ки дар онҳо майитҳоро муваққатан мегузоштаанд ва баъди аз гӯшт тоза шудани устухон онро ба хумҳо ё устадонҳо андохта дар новусҳои авлодӣ ё оилавӣ мениҳодаанд. Дар натиҷаи тадқиқоти археологӣ маълум шуд, ки дар давраи атиқа майитҳоро дар қабристонҳои авлодӣ, оилавӣ ва шаҳрӣ дафн мекардаанд. Дар шаҳрҳои Тахористон майитҳоро бе устадон ва дар деҳот бошад, дар устадонҳо ва хумҳо мегӯронидаанд.

Баъди дар Осиёи Миёна ҷорӣ шудани дини ислом ду намуди гӯр — лаҳаддор ва шомӣ маъмул гардид. Аммо одати мақбараю сағонасозӣ боқӣ монд. Қабри шомӣ аз чуқурии росткунҷа иборат буд ва онро аксаран дар ҷойҳои заминаш санглохи барои қабрҳои лаҳаддор номувофиқ мекофтанд. Болои қабри шомиро бо тахтасанг ё чӯб мепӯшонанд.

Дар қабрҳои мусулмонӣ майитро бо тахтапушт, сар ба сӯйи шимол ва рӯ ба ғарб (қибла) дафн мекунанд. Одатан сари қабри майит санг, чӯб зарфҳои сафолӣ ва ғ. гузошта мешуд. Дар қабристон майитҳоро дар атрофи қабри саравлод мегӯронидагӣ шуданд. Пас аз барпо гардидани Ҳокимияти Советӣ дар ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон қабристонҳо аз тарафи ташкилотҳои дахлдор таъмиру обод гардонида мешуданд. Дар Ҳисори имрӯза шакли қабрҳои шомӣ ва лаҳаддор маъмул аст.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — с. 311
  • Толстов С. П. По древним дельтам Окса и Яксарта. — М., 1962;
  • Литвинский Б. А., Седов А. В. Теппаи шоҳ. — М., 1983.
  • Литвинский Б. А., Седов А. В. Культы кушанской Бактрии. — М., 1984.