Мазор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Мазор (мафҳум) — чуноне дар луғати муътабаре қайд гардидааст, ҷоест, ки зиёрат мешавад ва макони парастиш мебошад.

Вожаи «мазор», пеш аз ҳама, чун амал, яъне «зиёрат кардан», «ҷоеро зиёрат кардан» тафсир шуда, баъдан чун макон, зиёратгоҳ, зиёратҷой, марқад, оромгоҳ, қабристон, қадамҷой, дафнгоҳ маънидод мешавад.

Тибқи иттилооти мавҷуда, муаррихин мазорҳоро ба се гурӯҳ раддабандӣ намудаанд:

  • мазорҳое, ки дар ҳақиқат ҷасади бузургворе дар он вуҷуд дорад;
  • мазор — қадамҷойҳо;
  • мазори файзи осор.

Дар тақсимбандии мазорҳо, инчунин чашмамазорон, дарахтмазорон ва сангмазорон низ аз навъҳои қисматбандӣ аст. Одамон баъди зиёрати мазорҳо худро некбахту тавоно ва фараҳманду саодатманд ҳис менамоянд. Аз ин бармеояд, ки мазорҳо на танҳо макони солимгардонӣ, балки ҷойи пок намудани ҷисму рӯҳи инсон мебошад.[1]

Нигаред:Мазорҳои водии Ҳисор[вироиш]

  1. Мазори Мавлоно Холмуҳаммад (Халифаи Шаҳид),
  2. Мазори домулло Муҳаммадшариф,
  3. Қадамҷойи Ҳазрати Алӣ,
  4. Хоҷа Конбобо ё Кони намак,
  5. Мазори Лангар-ато,
  6. Мазори домулло Абдуназар,
  7. Мазори «Шаҳиди Шифо»,
  8. Мазори Амир Тоҳир,
  9. Мазори Хоҷа Сангвоти Валӣ,
  10. Мазори Бобо Сӯфӣ ва Гаҳворасанг,
  11. Кӯшкаки Мазор,
  12. Мазори «Озах» ва «Тӯғдона»,
  13. Мазори Карсанг,
  14. Мазори «Лашкар»,
  15. Мазори Чангоби Қоқ,
  16. Мазори «Бибисангин»,
  17. Мазори Эшонбобо,
  18. Мазори Хоҷа Чилтани Валӣ,
  19. Арчамазор (Шарра),
  20. Мазори Биҳ (Бий),
  21. Мазорҳои деҳаи Ноҷӣ,
  22. Мазори Бобои дӯсти Худо,
  23. Мазори Чилтан,
  24. Мазори Хоҷамастон,
  25. Мазорҳои деҳаи Дурбат,
  26. Мазори Ҳазрати Турдишайх,
  27. Мазори домулло Ҷӯрақул,
  28. Мазори Мавлоно Фатҳуллохоҷаи Чустӣ
  29. Мазори Такяи Бобои Валӣ,
  30. Чашмамазори Хоҷа Гули Бодом,
  31. Мазори Имоми Молики Аждар,
  32. Мазори Ҳазрати Хоҷа Абдурраҳмони Бузургвор,
  33. Санги «Чилдухтарон»,
  34. Мазори «Тӯдаи Кабутак»,
  35. Тахти Сулаймон,
  36. Мазори Очилдӣ Халифабобо,
  37. Мазори Савда,
  38. Мазорҳои деҳаи Сайёд,
  39. «Шутурсанги дукафон»,
  40. Мазори Хоҷатӯғ
  41. Мазори Гаҳворасанги бибӣ Фотимаю бибӣ Заҳро

Пайнавиштҳо[вироиш]

  1. Донишномаи Ҳисор.-Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 256