Jump to content

Тошканд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Чоч)
Шаҳр
Тошканд
ӯзб. Toshkent / Тошкент
Парчам Нишон
Парчам Нишон
41°18′ с. ш. 69°16′ в. д.HGЯO
Кишвар Парчами Ӯзбекистон Ӯзбекистон
Ҳокими шаҳр Ҷаҳонгир Ортиқхӯҷаев
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис Асри II пеш аз милод
Аввалин номбарӣ асри II то м.
Номҳои пешина Чоч, Шош, Бинкат
Масоҳат 335 км²
Баландии марказ 455 м
Навъи иқлим континенталии мӯътадил
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 2,510,800 тан (2019)
Зичӣ 7384 тан/км²
Агломератсия Беш аз 3,000,000 нафар
Миллият ӯзбекон (65%), русҳо (18%), татарҳо (4,5%), корейсҳо (2,2%), қазоқҳо (2,1%), дигар миллатҳо (8%)
Эътиқодот мусулмонон (72%), насрониён (26%), дигар динҳо (2%)
Номи қавмӣ тошкандӣ, тошкандиҳо
Забони расмӣ ӯзбекӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +998 71
Нишонаҳои почта 100000—100214
Коди мошин 01—09, (10 ва 30 — старые)

tashkentnews.uz
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Тошканд дар харитаи
Тошканд
Тошканд
 Парвандаҳо дар Викианбор

Тошканд (Тошкент, ӯзб. Toshkent / Тошкент) — шаҳр, пойтахти Ӯзбекистон. Шаҳри тобеи ҷумҳурӣ. Тошканд шаҳри сераҳолитарини Ӯзбекистон ва Осиёи Миёна бо аҳолии зиёда аз 2,9 млн. тан (2022) мебошад.

Ин шаҳр инчунин ба панҷгонаи шаҳрҳои сернуфуси ИДМ дохил мешавад.

Созмони байналмилалии исломӣ дар бораи масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ISESCO), ки яке аз сохторҳои конфронси созмонҳои Исломӣ ҳисоб мешавад, Тошкандро пойтахти сулҳи фарҳанги Исломӣ дар соли 2007 эълон кард.[1]

Масоҳати шаҳр то васеъшавӣ дар соли 2021 35784,47 гектар (357,84 км²)-ро ташкил дод, аз ҷумла 22186,58 гектар (62,00%) заминҳои саноатӣ, нақлиёт, алоқа, мудофиа ва дигар заминҳо;  9248,36 гектар (25,84%) замини маҳалҳои аҳолинишин;  2299,71 гектар (6,43%) замини кишоварзӣ (қариб ҳамаи онҳо дар ноҳияи Янгиҳаёт мутамарказ шудаанд, ки дар он нисфи ҳудуди онро ташкил медиҳанд);  1125,95 га (3,15%) замини фонди об;  485,05 гектар (1,36%) замини дорои аҳамияти таърихию фарҳангӣ;  315,50 га (0,88%) замин барои ҳифзи табиат;  121,82 га (0,34%) заминҳои мамнӯъгоҳ; 1,50 га (0,00%) замини ҷангал (ҳама дар ноҳияи Чилонзор)

Тақсимоти маъмурӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Тошканд ба 12 ноҳияи маъмурӣ тақсим карда шудааст.

Иқлими Тошканд
Нишондод Янв. Фев. Март Апр. Май Июн Июл Авг. Сен. Окт. Нояб. Дек. Сол
Максимуми мутлақ, °C 22,2 25,7 32,5 36,4 39,9 43,0 44,6 43,1 39,8 37,5 31,1 27,3 44,6
Максимуми миёна, °C 6,8 9,4 15,2 22,0 27,5 33,4 35,7 34,7 29,3 21,8 14,9 8,8 21,6
Ҳарорати миёна, °C 1,9 3,9 9,4 15,5 20,5 25,8 27,8 26,2 20,6 13,9 8,5 3,5 14,8
Минимуми миёна, °C −1,5 0,0 4,8 9,8 13,8 18,0 19,7 18,0 12,9 7,8 4,1 0,0 8,9
Минимуми мутлақ, °C −28 −25,6 −16,9 −6,3 −1,7 3,8 8,2 3,4 0,1 −11,2 −22,1 −29,5 −29,5
Андозаи бориш, мм 53 64 69 61 41 14 4 1 6 24 44 59 440
Сарчашма: Боду ҳаво ва иқлим

Шумораи аҳолии шаҳр аз рӯи омори 1 январи соли 2015 2 371 300, 1 январи соли 2014 — 2 352 900 сокин[2]. Ҳайати миллии шаҳр дар соли 2008: 63,0 % — узбекҳо, 20,0 % — русҳо, 4,5 % — тоторҳо, 2,2 % — куриёиҳо, 2,1 % — тоҷикҳо, 1,2 % — уйғурҳо ва 7,0 % — дигар миллатҳо[3].

Тағйироти нуфуси аҳолии шаҳр аз рӯи маълумотҳои омор:

сол 1897 1959 1970 1979 1989 1991 1995 2000 2005 2012 2013 2014 2015
нафар 155 673 афзоиш 911 930 афзоиш 1 384 509 афзоиш 1 780 002 афзоиш 2 072 459 афзоиш 2 130 200 афзоиш 2 097 400 афзоиш 2 142 300 камшави 2 135 700 афзоиш 2 309 300 афзоиш 2 340 900 афзоиш 2 352 900 афзоиш 2 371 300

Номҳои таърихӣ: Чоч, Чош, Шош, Бинкент, Бинкат.