Қавомуддин Муҳаммади Розӣ
Қавомуддин Муҳаммади Розӣ (форсӣ: قوامالدین محمد رازی; ? — 1671) — донишманд ва яке аз ҳакимони асри сафавӣ ва аз намояндагону шореҳони мактаби Раҷабалии Табрезӣ дар ҳавзаи фалсафии Исфаҳон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз аҳвол ва зиндагии ӯ иттилое дар даст нест. Барои фарогирии улум ба Исфаҳон рафта, муддате дар мадрасаи «Шайх Лутфуллоҳ» зиндагӣ кардааст. Бо унвони Розии Исфаҳонӣ ҳам аз ӯ ном мебаранд. Қавомуддини Розӣ дар тадрису тарбияи шогирдон ва шарҳу густариши осори Ибни Сино бисёр талош кардааст. Дар осораш ба нақд ва масоили бунёдии фалсафаи Мулло Садро пардохтааст. Манбаъ ва тазкираҳо аз осори ӯ ёдовар шудаанд. Китоби «Айну-л-ҳикмат»-ро ба форсӣ навиштааст, шогирдонаш китобро ба арабӣ тарҷума карда, он чанд навбат нашр шудааст. Қавомуддини Розӣ дар рисола андешаҳои фалсафии устоди худ — Раҷабалии Табрезиро аз назари танқидӣ истифода ва масоили гуногуни фалсафиро тарҳрезӣ кардааст. Муҳаққиқони осори ӯ бар онанд, ки андешаҳои Қавомуддини Розӣ ба нукоти файласуфи шотландӣ Иоҳан Дунс Скот (1266—1308) қаробат доранд. Қавомуддини Розӣ бо ҷонибдорӣ аз андешаҳои устодаш баён мекунад, ки чаро ва чи гуна метавон Холиқро «Воҷибулвуҷуд» номид, дар ҳоле ки Холиқ аз «Воҷибулвуҷуд» болотар аст? Муаллиф бар ин назар аст, ки андешаи мазкур аз ҷониби муҳаққиқоне баён шудааст, ки иддиои фалсафа доранд. Дар фалсафаи мутафаккир чигунагии воқеъ гардидани усули мавҷудот аз асли ҳастӣ мавриди баррасӣ шудааст. Рисолаи «Таълиқот» (ба забони форсӣ) дар бораи умури омма ва илоҳиёт ба маънои ом баҳс кардааст. «Таълиқот» бо номи «Ду рисолаи фалсафӣ» (1378) ва «Маҷмӯи мусаннифот» (1389) мунташир шуда, бо унвони «Қавому-л-ҳикмат» низ ёд шудааст. «Таълиқот» бар мабнои андешаҳои фалсафии Ҳакими Табрезӣ рисолаест тавсифӣ, ки нукоти муҳимми он дар «Айну-л-ҳикмат» зикр гардидаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Қавомуддини Розӣ / Р. Додихудоев // Косон — Қурбон. — Д. : СИЭМТ, 2023. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 11). — ISBN 978-99985-0-053-2.