Jump to content

Абаргар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Қалъаи Муғ)

39°27′20″ с. ш. 68°24′47″ в. д.HGЯO

Абаргар (бо номи Қалъаи Муғ ҳам маъруф аст) — ёдгории археологӣ, боқимондаи истеҳкоми деҳқонони работ, ки бинои дуошёна буда, аз 5 хонаи дарозрӯяи гунбазӣ иборат будааст. Абаргар ҳанӯз дар садаи VIII мелодӣ обод будааст ва харобааш ҳоло 3 км дуртар аз деҳаи Хайрободи ноҳияи Айнӣ боқист.

Кашфи Қалъаи Муғ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Қалъаи  Муғ дар масофаи 3 километр дуртар аз деҳаи имрӯзаи Хайрободи ноҳияи Айнии вилояти Суғд  ҷойгир аст. Онро соли 1933 бостоншинос  А. Фрейман кашф намуд. Бостоншоносон ин ёдгории  таърихиро мансуб ба асри VIII медонанд. Ба гуфтаи онҳо Қалъаи Муғ маконест, ки дар он Деваштич ба хотири озодии Ватан ҷангидааст.

Дар натиҷаи корҳои ҳафриётӣ муайян гардид, ки Қалъаи Муғ истеҳкоми деҳқонии работ ба шумор рафта, аз ду ошёна иборат будааст. Ҳоло танҳо иморатҳои ошёнаи якуми он боқӣ мондааст. Аз ин макон 74 ҳуҷҷати суғдӣ, як ҳуҷҷати арабӣ ёфт шудааст ва ба гуфтаи бостоншиносон онҳо аҳамияти илмиву фарҳангӣ доранд. Пораҳои матоҳои абрешимӣ, пашмӣ, пахтагӣ, олотҳои гуногуни меҳнат ва яроқу аслиҳаи ҷангии он замон аз бозёфтҳои дигари ин маконанд. Яке аз бозёфтҳои ҷангии  он замон сипари чӯбин аст, ки бо пӯст рӯйкаш шуда, бо тасвири як савораи мусаллаҳ зеб ёфтааст[1].

  1. Нашрияи расмии Тоҷикистон - "Ҷумҳурият". www.jumhuriyat.tj. 16 май 2017 санҷида шуд.
  • Бентович И. Б., Находки на горе Муг, «Тр. Таджикской археологической экспедиции», т. 2., М. – Л., 1958;
  • Якубов Ю., Археологические раскопки Гардани Хисор. «Изв. Отделения общественных наук АН Таджикской ССР», № 4, Д. 1966.
  • Якубовский А.Ю. Древний Пянджикент // По следам древних культур. — Госкультпросветиздат. — М., 1951. — 262 с.