Қандолотпазӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Қандолотпазӣ

Яке аз ҳунарҳои қадимаи мардумӣ, ки истеҳсоли шириниҳои гуногун, аз қабили парварда, қандолот ва ҳалворо дар бар мегирад. Дар рехтани қандалот аввал мағзро (зардолу, чормағз) дар оташ таф медиҳанд. Баъд ба миқдори муайян мағзро дар тағораи дудаста рехта дар гармии оташ бод медиҳанд. Дар ин раванд нафаре қиёмро оҳиста-оҳиста ба рӯи мағзҳо мерезад. Ҳамин тавр, дар тули 25-30 дақиқа қандалот тайёр мешавад. Дар Вилояти Суғд, водии Ҳисор нимфаъол аст.[1]

Адабиёт[вироиш]

  • 1. Ванукевич А., Аминов С., Шарипов Х., Таджикские национальные сладости. Д., 1969;
  • Шовалиева М. История кулинарной культуры таджикского народа. Д., 2015.

Нигаред[вироиш]

Манбаъ[вироиш]

  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 114