Jump to content

Қаторкӯҳи Дарвоз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қаторкӯҳи Дарвоз
?
Мушаххасот
Дарозӣ
  • 200 км
Паҳно50 км
Нуқтаи баландтарин
Баландии мутлақ6 083 м
Макон

Қаторкӯҳҳои Дарвоз[1] — қаторкӯҳест дар Помири Ғарбӣ, ки дар байни дарёҳои Обихингов, Панҷ ва Ванҷ ҷойгир аст. Аз ҷиҳати ҳудуд ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон тааллуқ дорад.

Дарвоз аз шимолу шарқ, аз қуллаи Гармо ба самти ҷануби ғарбӣ аввал дарёи Ванҷ, баъд дар қад-қади Панҷ, аз пайи хамиҳои онҳо ба масофаи 200 километр тул кашидааст. Баландии миёна ба қаторкӯҳи Академияи илмҳо 5480 м, қисми боқимонда 4950 м баландтарин нуқтаи кӯҳи Арнавад бо баландии 6083 м мебошад.

Нишеби шимолии пуштаро шохоби чапи Обихингов сахт ҷудо карда, нишебии ҷанубӣ нишеб буда, шохаҳои кӯтоҳи бисёр дорад. Дар нишебихо набототи даштй ва буттазорхо (дар нишебихои шимолй хордор ва чормағз, дар нишебихои чанубй арчаю бодом меруяд). Қӯлҳои субалпӣ ва алпӣ баландкуҳ мавҷуданд, ки аз баландии 4200-4500 м — барфӣ ва пиряхӣ сар мешаванд. Дар Қаторкуҳҳои Дарвоз қариб 550 пирях мавчуд буда, масохати умумии онхо кариб 520 км² аст. Калонтарини онхо пиряхи дендритии чамъияти географй мебошад, ки дар наздикии Академияи илмхо ва пуштаҳои Дарвоз, дар болооби дарёи Ванҷ воқеъ аст.

Қаторкӯҳ асосан аз гранитҳо ва варақсангҳои метаморфӣ иборат аст.[2]

  1. Қаторкӯҳи Дарвоз. Таджикско-русский словарь. 2011
  2. Дарвазский хребет // Большая российская энциклопедия : [в 35 т.] / гл. ред. Ю. С. Осипов. — М. : Большая российская энциклопедия, 2004—2017.