Қовус бинни Вушмагир

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Қовус бинни Вушмагир
Санаи таваллуд:

номаълум

Санаи марг:

403 ҳ.қ

Шаҳрвандӣ:

Эрон

Навъи фаъолият:

шоир

Солҳои эҷод:

371-388 ҳ.қ

Жанр:

чакомасаро

Забони осор:

порсӣ

‘’’Қобус бинни Вушмгир аз шоирони чакомагӯи замони Сомониён мебошад, ҳамчунин чанд муддат дар Табаристону Гургон подшоҳи карда оқибат аз дасти лашкаронаш кушта шудааст.

Зиндагинома[вироиш]

Дар 367 ҳ.қ пас аз бародараш Бесутун дар шаҳри Гургон ( шаҳре дар ҷои кунунии гунбади Ковуси имрӯз) ба тахт нишаст. Дар ҳамин сол Рукнудавла фармонравои Бӯя низ даргузашт ва сарзаминҳои подшоҳии ӯ миёни се писараш Изудудавла, Муидудавла ва Фахрудудавла се бахш таксим шуд. Изудудавлава Муидудавла бо Фахрудавла мухолифат пайдо карданд ва байни онҳо ҷанг даргирифт. Фахрудудавла ба Табаристон гурехтва ба назди Ковус, ки шавҳари холаи ӯ буд паноҳ бурд. Изудудавла ва Муидудавла ба Ковус пайғом фиристоданд, ки Фахрудудавлоро ба эшон диҳад. Кобус напазируфт ва Изудудавла ба Табаристону Гургон лашкаркашӣ кард. Ковус тоби рӯёрӯи бо Изудудавла надошт ва дар ҷанги кӯтоҳ дар наздикии Астаробод шикаст хӯрд ва дар 371 ҳ.қ пас аз чаҳор соли ҳукмронӣ аз ҳукумат барканор ва бо Фахрудудавла ба Хуросон гурехтанд. Ковус наздик ба 18 сол (371-388) аз ҳукумат дур буд ва дар Хуросон дар паноҳи Сомониҳо зиндагӣ мекард. Дар рӯйдодҳои пасин ва бо марги Азудудавла ва сипас Фахрудудавла ва нотавон шудани ҳукумати хонадони Бӯия ӯ бокӯмаки ёрони Дайламӣ ва Табаристонии худ ба Гургон ҳамла кард ва тавонист Гургонро аз хонадони Бӯия пас бигирад ва дар соли 388 ҳ.қ дубора ба тахтнишинад. Ӯ то соли 403 ҳ.қ ҳукмрони кард ва доманаи сарзаминҳои худро аз сӯи Бохтар густариш дод. Дар соли 403 ҳ.қ Ковус пардадори вижаи худро, ки марде беозор ва дар дили лашкариён ҷой буд, кушт. Лашкариён ба ивази ин кори ӯ шӯриш карданд ва ӯро ба зиндон андохтанду куштанд.

Мероси адабӣ[вироиш]

Аз ӯ чомаҳои бисёр ба ҷой намондааст, вале номаҳои ӯро Алӣ бинни Муҳаммад Яздодӣ дар китобе ба номи «Камолулбалоға» гирдоварӣ кардааст ва қисматҳое аз онро Муҳаммад писари Испандиёр дар «Таърихи Табаристон» баён кардааст.

Аз чакомаҳо[вироиш]

Кори ҷаҳон саросар аз ист то ниёз,
Ман пеши дил наёрам аз ӯ ниёзро.
Ман ҳашт чизро зи ҷаҳон баргузидаам,
То ҳам бадон гузорам умри дарозро.
Шеъру суруду руду майи хушгувор,
Шатранҷу нарду сайдгаҳу юзу бозро.
Майдону гую боргаҳу разму базмро,
Аспу салоҳу ҷуду дуою намозро.

Насиби дил:

Шаш чиз дар он зулфи ту дорад маскан,
Печу гираҳу банду хаму тобу шикан.
Шаш чизи дигар аз он насиби дили ман,
Ишқу ғаму дарду ранҷу тимору миҳан.(2,14)

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]