Jump to content

Қолбозӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Қолбозӣ, шалоқак, ҷизнибозӣ

Бозии анъанавии духтарон, ки бештар дар фаслҳои гарм дар майдонча ва роҳравҳо барпо мешавад. Шумораи бозигарон аз 2 то 8 нафар буда метавонанд. Барои бозӣ ҳар кадом духтарон яктогӣ сангҳои гирду ҳамвор мегиранд, ки он “қол“ ё “лап” ном дорад. Дар замини ҳамвор катакчаҳо мекашанд ва бо навбат хоначаҳоро якпоя ҷаҳида мегузаранд. Хоначаро ба чор катаки хурдтар ҷудо мекунанд ва ба онҳо бо тартиб рақам мегузоранд. Дар саросари кишвар фаъол аст. [1]

1. Андреев М.С. Таджики долины Хуф. Сталинабад. 1953;

2. Нурджанов Н. Игры // Таджики Каратегина и Дарваза. Д., Вып. 3, 1976.

3. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷ.1. Д., 2015.


  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 183