Қонугузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи кино
Зоҳир
Қонугузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи кино ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи кино [1] ҳуҷҷати асосии қонугузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи кино мебошад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи киноро Маҷлиси намояндагон 3 ноябри соли 2004 қабул кардааст. Маҷлиси миллӣ 25 ноябри соли 2004 ҷонибдорӣ намудааст. Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодии соҳаи киноро муқаррар намуда, принсип ва тадбирҳои татбиқи сиёсати давлатро дар рушди ин соҳа муайян менамояд.[2]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004, №12, қ-1, мод. 694; соли 2007, №5, мод. 372)
- ↑ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи кино. Моддаи 1. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2004, №12, қ-1, мод. 694; соли 2007, №5, мод. 372. 3 Январ 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 марти 2016.