Қонунгузории намояндагӣ
Қонунгузории намояндагӣ – аз тарафи Ҳукумат қабул шудани санадҳое, ки қувваи қонунро доранд, оид ба масъалаҳое, ки дар салоҳияти парлумон буда, аз тарафи он салоҳиятдор карда шудаанд.
Аз рӯи қоидаи умумӣ, ба баровардани чунин санадҳо муваққатан ва оид ба масъалаҳои муайян ҳуқуқ дода мешавад. Қабули санадҳои қонунгузории намояндагӣ, чун қоида, ҳам аз тарафи Ҳукумат ва ҳам мақомоти дар итоати он буда (вазоратхо, идораҳои марказӣ ва ғайра) амалӣ мегардад. Қабулн чунин санадҳо ҳуқуқи парлумонро маҳдуд мекунад. Имкони қонунгузории намояндагӣ, масалан, дар Конститутсияҳои Фаронса соли 1958 (моддаи 38), Испания соли 1978 (моддаи 82), ҶФО соли 1949 (моддаи 80), Португалия соли 1976 (моддаи 173) ва ғайра пешбинӣ шудаанд. Аз қонунгузории намояндагӣ аз тарафи мақомоти иҷроия баровардани санадҳоро дар шароити фавқулодда (ҷанг, таҷовуз ва ғайра) фарқ кунондан лозим аст. Дар ҳамин гуна шароит ваколатҳо намояндагӣ намегарданд, вале ҳокимияти иҷроия дар асоси Конститутсия амал мекунад. Масалан, мувофиқи моддаи 86 Конститутсияи Испания ҳукумат дар вазъияти фавқулодда ва таъҷилӣ метавонад дастурҳои муваққатии қонунӣ диҳад, ки шакли декрет-қонунҳоро дошта, аммо асосҳои конститутсионии давлат, ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои конститутсионии шаҳрвандон, меъёрҳои ҳуқуқи интихоботи умумиро халалдор намекунанд. Чунин декрет-қонунҳо бояд фаврӣ ба Конгресси вакилон, ки бо ин мақсад даъват карда мешавад, агар он дар иҷлосия набошад, супурда шаванд.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 252