Jump to content

Мақомоти қонунгузорӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Мақомоти қонунгузорӣ — мувофиқи Конститутсия дар Тоҷикистон халқ соҳибихтиёрии худро ба воситаи вакилони халқ амалӣ мегардонад. Ҳокимияти қонунгузор хислати намояндагӣ дорад ва ҳайати он аз вакилони халқ иборат мебошад. Мувофиқи моддаи 48 Конститутсияи Тоҷикистон Маҷлиси Олӣ - парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистои - мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори ҶТ мебошад. Маҷлиси Олӣ аз ду маҷлис — Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст. Маҷлиси Олӣ ҳамчун мақомоти махсусгардонидашудаи ҳокимияти қонунгузорӣ таркиби мураккаб дорад, ки он барои ба амал баровардани салоҳияти қонунгузорӣ мувофиқ гардонида шудааст.[1]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — С. 271