Қорун
Қорун (ар. قارون), Қорун ибни Ясҳур — аз афроди машҳур ва сарватманди банӣ Исроил дар аҳди Мусо (а).
Бар пояи бархе ривоёт, Қорун писарамаки Мусо (а) будааст. Номи Қорун 4 бор дар Қуръон (28:76, 79; 29:39; 40:24) зикр шудааст. Қуръон (29:39; 40:24) ӯро дар бадкорӣ дар радифи Фиръавн ва Ҳомон қарор додааст. Қорун дар ҳифзи Таврот аз аксари банӣ Исроил муқаддам ва дорои садои зебое буд ва онро ба зебоӣ барои яҳудиён мехонд. Ӯ моли фаровон дошт ва дар ҷоҳталабӣ ифрот мекард. Дар Қуръон (28:76) сарвати Қорун чунин тавсиф шудааст: «…ва Мо ба ӯ аз ганҷҳо он қадар ато карда будем, ки бардоштани калидҳои он барои як гурӯҳи зӯрманд мушкил буд…». Ба тафсири Ибни Аббос, чил марди неруманд он калидҳоро ҳамл мекарданд.
Қорун нахуст мухолифи ашадии Мусо (а) буд, аммо дар ниҳоят ба ӯ имон овард ва ҳамроҳи банӣ Исроил Мисрро тарк кард. Бо гузашти замон Қорун ба сарпечӣ шурӯъ кард. Кори банӣ Исроилро пайваста ошӯфтаву бесомон мехост. Чун атрофиён Қорун-ро панд доданд, то аз дунёпарастӣ, кибру ғурур, бухлу нофармонӣ боз истад, вале ин насиҳатҳо ба ӯ таъсир намекарданд (28:76‒77). Чун Мӯсо (а) Қорун-ро барои пардохти закот даъват кард, вале ӯ напазируфт ва мардумро бар зидди ӯ шӯронид. Аъмоли фасоду бадкории Қорун ба ҳадде идома кард, ки муҷиби азоби илоҳӣ ва марги ӯ гашт. Рӯзе Қорун худороста, мутакаббирона ва бо шаҳомати азим ба назари атрофиён намоён шуд (28:79), ҳамин ҳангом ки замин бо амри илоҳӣ ӯро ҳамроҳи тамоми қасру сарваташ фурӯ бурд (28:81). Моҷаро ва ҷидоли Мӯсо (а) бо Қорун ва банӣ Исроилро Китоби муқаддас (Ададҳо, 15, 16:1‒4; 16:5‒42; 16, 17: 43‒50) батафсил матраҳ кардааст. Дар Китоби муқаддас Қорун бо номи Қӯраҳ ибни Йисҳор ибни Қаҳот ибни Левӣ (Ададҳо, 15, 16:1) ва минбаъд Қӯраҳ (Ададҳо, 16:5‒6, 8, 16, 19, 24, 27, 32, 40; 16, 17:49) ёд шудааст. Бино бар маълумоти Китоби муқаддас, 250 тан аз сардорони ҷамоат, даъватшавандагони маҷлисҳо, шахсони номдори банӣ Исроил назди Мусо (а) ҳозир ва бар муқобилаш ҷамъ омада буданд. Қорун ва пайравонаш муътақид ба он буданд, ки тамоми ҷамоаҳо муқаддасанд ва Худованд дар миёни банӣ Исроил аст ва ба риёсату нубуввати Мусо ва Ҳорун эҳтиёҷ нест (Ададҳо, 15, 16:2‒3). Кибру ғуруру сарпечии Қорун ва тамасхур дар баробари даъвату дастуроту пандҳои Мусо (а) боиси нобудии ӯ шуд. Ҳамаи афроди ба Қорун нисбатдошта ва тамоми он чиро, ки мутааллиқ ба онҳо буд, замин фурӯ кашид. (Ададҳо, 16:32‒33). Маҳалли вуқӯи ин ҳодиса, тибқи бархе аз ривоёт, тафсирҳо ва Таврот, дар Саҳрои Сино иттифоқ афтодааст.
Дар адабиёти форс-тоҷик Қорун ва сарвати ӯ ҳамчун намоде аз сарватмандӣ ба қалам дода мешаванд:
Қорун ҳалок шуд, ки чиҳил хона ганҷ дошт,
Нӯширавон намурд, ки номи наку гузошт. (Саъдӣ)
Илм доданд ба Идрису ба Қорун зару мол,
Шуд яке фавқи самову дигаре зери самак. (Ибни Ямин)
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Қорун / С. Наимӣ // Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. — Д. : СИЭМТ, 2011—2020. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2022).
- Китоби Муқаддас. Стокгольм, 1999;
- Табарӣ Муҳаммад ибни Ҷарир. Таъриху-р-русули ва-л-мулук. Кит. 1. Д., 2014;
- Ёҳаққӣ М. Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ. Д., 2014;
- ابن کثیر عماد الدین ابی الفدأ اسماعیل. البداية والنهاية. المجلد ١. لبنان، ٢٠٠٤؛
- دیوبندی محمد شفیع عثمانی. تفسیر معارف القرآن. جلد ١٠، ١٤. تربت جام، ١٣٨٩ ش