Қосим Ахмедов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қосим Ахмедов
Қосим Роҳбариевич Ахмедов
Таърихи таваллуд 15 апрел 1909(1909-04-15)
Зодгоҳ Машҳад, Эрон
Таърихи даргузашт 25 сентябр 1996(1996-09-25) (87 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ биология
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои биология
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи Осиёи Миёна (1940)

Қосим Роҳбариевич Ахмедов (тав. 15.04.1909, шаҳри Машҳади Эрон — 25.09.1996, Душанбе) — биолог, номзади илмҳои биология, дотсент (1954).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1940 факултети биологияи Донишгоҳи Осиёи Миёнаро аз рӯи ихтисоси зоологияи муҳрадорон хатм намудааст. Соли 1947 ба аспирантураи Институти зоология ва паразитология филиали тоҷикистонии Академияи илмҳои ИҶШС дохил шуда, соли 1951 дар мавзӯи «Паррандаҳои мавзеъҳои аҳолинишини водии Ҳисор» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Аз соли 1954 дар кафедраи биологияи Донишкадаи занонаи омӯзгорӣ ва баъдтар дар натиҷаи муттаҳид кардани донишкадаи мазкур бо Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко то соли 1969 дар вазифаи мудири кафедраи биология ва зоология кор кардааст. Ташкилкунандаи кафедраи зоология ва осорхонаи зоологӣ дар назди донишкадаи омӯзгории пойтахт мебошад. Солҳои 1969–1977 (то ба нафақа баромадан) дотсенти кафедраи зоологияи донишкадаи омӯзгории пойтахт буд. Муаллифи зиёда аз 30 кори илмӣ-тадқиқотӣ, аз ҷумла китобҳои «Птицы населёных пунктов Гиссарской долине»(1950), «Птицы Юго-западного Таджикистана» (1957), «Воробьи Таджикистана» (1953), «Вредителей зерновых посевах и мери борьбы с ними» (1953) мебошад. Ҳамчун олим дар берун аз Тоҷикистон низ маълум буд, зеро орнитологҳои хориҷӣ ба корҳои илмии ӯ мароқи калон доштанд. Барои хидматҳояш бо нишони «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» сарфароз гардида буд.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Синица и её сельскохозяйственное значение в Таджикистане и способы привлечения на искусственное гнездование, Д.,1952;
  • О способах привлечения майны на искусственное гнездование в Таджикистане, одобрение среднеазиатскими орнитологами, Д., 1953.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]