Қосим Қурбонов
Қурбонов Қосим Муродович | |
Таърихи таваллуд | 10 сентябр 1962 (62 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Темурмалик, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | биологӣ |
Ҷойҳои кор | Пажуҳишгоҳи илми-тадқиқотии тибби профилактикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои тиб (2016) |
Унвонҳои илмӣ | дотсент (2018) |
Алма-матер | Донишкадаи тиббии шаҳри Днепропетровски Украина (1980 - 1991) |
Қурбонов Қосим Муродович — олим, зистшинос. Номзади илмҳои тиб (2016), дотсент (2018).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Қурбонов Қосим Муродович 14 сентябри соли 1961 дар собиқ ноҳияи Совети (ҳозира н. Темурмалик) вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 1979 мактаби миёнаи №10-и ноҳияи Восеъро хатм намуда, соли 1980 ба донишкадаи тиббии шаҳри Днепропетровски Украина дохил шуда, онро сарбаландона бо ихтисоси духтури санитарӣ, эпидемиологӣ ва гигиенист дар соли 1991 хатм намудааст. Ҳангоми таҳсил дар донишгоҳ аз соли 1983 то соли 1984 бо бинобар сабаби фавти падараш ба рухсатии академӣ баромадааст.Солҳои 1985 – 1987 дар сафи кушунҳои Советӣ хидмат кардааст. Аз соли 1991 то соли 1992 духтури таҷрибаомӯзӣ стансияи санитарию эпидемиологии вилояти Кӯлоб,баъдан аз соли 1994 то соли 1995 духтури шуъбаи гигиенаи меҳнати стансияи санитарию эпидемиологии ноҳия Восеъи вилояти Кӯлоб, аз соли 1994 то соли 1995 -мудири шуъбаи гигиенаи хӯрокаи стансияи санитарию эпидемиологии ноҳия Восеъи вилояти Кӯлоб фаъолият мекард. Дар давоми солҳои 1995-2002 ба ҳайси мудири шуъбаи санитарии стансияи санитарию эпидемиологии ноҳияи Восеъи вилояти Кӯлоб кор карда, соли 2002 то соли 2004 духтури шуъбаи гигиенаи меҳнати стансияи санитарию эпидемиологии ш.Душанбе таъйин шудааст. Аз соли 2003 то соли 2004 бошад ӯ ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи сардухтури маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии н. И.Сомонӣ фаъолият кардааст. Дар тӯли солҳои 2004-2005 духтури шуъбаи эпидемиологии маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон, аз соли 2005 то соли 2007 эпидемиолог ва баъдан роҳбари барномаҳои тиббии ташкилоти байналмилалии Бритониёи Кабир «Мерлин» интихоб гардидааст. Фаъолияти кории ӯ аз соли 2007 то августи соли 2008 ҳамчун ҳамоҳангози барномаи Сил ва ВНМО-и Барномаи Рушди СММ (UNDP) ва аз моҳи сентябри соли 2008 то моҳи апрели 2012 ҳамчун сармутахассиси Раёсати назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва шахси масъул оид ба Кодекс Алиментариус дар Тоҷикистонро дар бар мегирад. Моҳи апрели 2012 то 2016 ба ҳайси корманди хурди илмии шуъбаи эпидемиологии бемориҳои сироятии Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии тиббӣ профилактикии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда истодааст. Аз соли 2016 ассистенти кафедраи эпидемиология в бемориҳои сирояти ва баъдан аз моҳи апрели соли 2017 то инҷониб ба ҳайси ичрокунандаи вазифаи мудири кафедраи эпидемиология ва бемориҳои сироятии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият карда истодааст.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 2016 натиҷаи корҳои илми-тадқиқотии худро Қурбонов К.М. бо мушовирии Сатторов С.С ва Симонова Е.Г дар мавзӯъи “Современные эпизоотолого - эпидемиологические особенности и надзор за бруцеллезом в Республике Таджикистан” ҷамъбаст намуда, онро дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия дар Пажухишгоҳи марказии илмию тадқиқотии эпидемологияи Федератсияи Россия ҳимоя кардааст. Фаъолияти илмии ӯ ба масоили назорати эпидемиологии бемориҳои сироятӣ ва махсусан брутселёз равона шудааст. Дастовардҳои кори илмии ӯ барои таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ” №890 аз 1 августи соли 2012, Фармони Вазири тандурустии ҶТ №161 аз 2 апрели соли 2007 дар бораи Чорабиниҳо оид ба паст намудани сатҳи касалмандии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз брутселёз, дастурамалҳои методӣ оид ба мукаммалгардонии назорати эпидемиологии бемории брутсёз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон МУ 3.1.1. 018-14, қарорҳои Мушовараи Раёсати тандурустии вилояти Хатлони ҶТ №6 аз 15 сентябри соли 2010, тавсияҳо оид ба таҳияи стратегияи мубориза бар зидди брутселёз дар Осиёи марказӣ 2009, маводҳои бақайдгирӣ ва маводҳои тағриботӣ оид ба пешгирии брутселёз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи муфид гузоштааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Қосим Қурбонов муаллифи беш аз 20 мақолаҳои илмӣ, 6 барномаҳои таълимӣ ва корӣ аз фанҳои беҳдошти умумӣ, иҷтимоӣ ва эпидемиология/вогиршиносӣ ва инчунин 3 дастурамалҳои методии зерин мебошад: