Jump to content

Қурбонбек Элчибеков

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қурбонбек Элчибеков
Қурбонбек Элчибеков
Таърихи таваллуд 11 феврал 1936(1936-02-11) (88 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Шуғнон
Кишвар  Тоҷикистон
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин
Ҷоизаҳо Корманди шоистаи Тоҷикистон (2000)

Қурбонбек Элчибеков (тав. 11.02.1936, деҳаи Вири ноҳияи Шуғнон), муаррих, номзади илмҳои таърих (1986). Корманди шоистаи Тоҷикистон (2000)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1954-1959 дар факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин таҳсил кардааст. Солҳои 1959-1968 муаллими фанни таърихи мактаби миёнаи №38 ноҳияи Шуғнон буд. Солҳои 1968-1971 аспиранти Институти таърихи ба номи А. Дониши АИ ҶШС Тоҷикистон, 1971-1987 корманди хурди илмии шуъбаи таърихи асрҳои миёнаи АИ ҶШС Тоҷикистон, 1987-1992 муаллими калони кафедраи таърихи Ватан (таърихи халқи тоҷик)-и Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраев буд. Аз соли 1993 ба ҳайси дотсенти кафедраи таърихи умумии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев фаъолият дорад. С. 1993 – 1997 мудири кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, 1997 – 2000 мудири кафедраи таърихи умумии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев , 2000 – 2005 мудири шуъбаи аспирантура ва аз соли 2005 инҷониб дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев мебошад. Зери роҳбарии ӯ як нафар рисолаи номзадиро дифоъ намудааст.

  • Новые материалы по истории Шугноне\\ Изв. ООН АН Тадж. ССР, №2. – С.3-11;
  • Первые учителя и первые историки Советского Памира\\ Мактаби Советӣ, 1984, № 10. – С.59-62;
  • Важное историческое научное иследование, // Народы Азии и Африки, 1977, №6 с.234. Новый источники по истории Шугнона, // Письминные памятники Востока.- М., Наука, 1979. – С.273-287
  • Методическое пособие по археологии Памира. – Хорог, 1999;
  • Пешгуфтор ба китоби О. Қурбонбеков «Одамони наҷиб». – Хоруғ, 2000. – С. 3 – 9.;
  • Жизнь и деятельности Шириншо Шотемура // Верные сыновья родины. – Хорог, 2000. – С. 37 – 41.;
  • Исторические источники по истории Шугнана и Рушана // Вестник Хорогского университета. – № 3. – Хорог, 2000. – С. 114 – 119.;
  • Административное устройство Шугнана в XIX веке // Вестник Хорогского университета. – № 4. – Хорог, 2002. – С. 142 – 145.;
  • Мирзо Сангмуҳаммади Бадахшӣ, Мирзо Фазлалибеки Сурхафсар. Таърихи Бадахшон. Баргардандагони матн аз хатти арабиасоси тоҷикӣ ба хатти кириллии тоҷикӣ Қурбонбек Элчибеков, Қудратбек Элчибеков ва Золшоҳ Ғуломов. – Д., 2007.

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ