Jump to content

Қурбони Аламшоҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қурбони Аламшоҳ
Аламшоев Қурбониддин Мирзовафоевич
Таърихи таваллуд: 5 июн 1960(1960-06-05) (64 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Роштқалъа
Навъи фаъолият: нависанда

Қурбони Аламшоҳнависанда, номзади илмҳои таърих, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1988), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1996)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Қурбони Аламшоҳ (Аламшоев Қурбониддин Мирзовафоевич) 5 июни соли 1960 дар деҳаи Миденшарви ноҳияи Шуғнон (ҳозира Роштқалъа)-и ВМКБ таваллуд ёфтааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи №69 ба номи Павел Лукнитский муддате дар совхози «Октябр»-и ноҳия коргар будааст. Соли 1979 вориди факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) шуда, соли 1983 таҳсилро дар факултаи журналистикаи Университети давлатии Ленинград ба номи А.А.Жданов (ҳозира Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург) идома додааст ва донишгоҳро соли 1985 бо дипломи аъло ба итмом расондааст. Баъди хатми донишгоҳ, як сол дар нашриёти «Маориф» ба сифати муҳаррир кор кардааст. Соли 1987 барои кор ба рӯзномаи «Бадахшони советӣ» (ҳозира рӯзномаи вилоятии «Бадахшон») даъват шуда, то соли 1992 дар вазифаҳои гуногун фаъолият бурдааст. Аз соли 1991 муассис ва масъули нахустин корхонаи чопи китоб дар Помир буда, зиёда аз ҳафтод номгӯй кутуби мухталифро ба чоп расондааст. Яке аз муассисони нахустин рӯзномаи мустақил дар Тоҷикистон – «Фарҳанги Бадахшон» (1989-1994) мебошад. Аз соли 1999 то моҳи июли 2010 ҳамкори бахши форсии радиои Би-Би-Си дар ВМКБ будааст. Айни ҳол мудирии Маркази васоити ахбори оммаи «Помирмассмедиасентр» ва Ожонсии иттилоотии «Помир-Медиа»-ро бар уҳда дорад. Муассиси Ожонсии иттилоотии «Помир-Медиа» (2006), навидномаи «Чатри симин» (1998-2006), рӯзномаи иттилоотӣ-таҳлилии умумиҷумҳуриявии «Помир» (2010) мебошад.31 декабри соли 2013 дар мавзӯи «Шириншоҳ Шоҳтемур – ходими ҷамъиятӣ ва сиёсии Тоҷикистон» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.

Аввалин ҳикояву мақолаҳояш дар рӯзномаҳои «Адабиёт ва санъат», «Омӯзгор», «Пионери Тоҷикистон», маҷаллаҳои «Машъал», «Хорпуштак», рӯзномаҳои «Смена» ва «Ленинградская правда» чоп шудаанд. Муаллифи китобҳои «Ҳикоёт» (1996), «Гӯсфанди Марко» (1998) ва «Куҷое бошам, бо тоҷикон бошам» (дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ходими намоёни сиёсиву давлатӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур; 1999) аст. Соли 2012 китоби «Шоҳтемур дар адабиёти тоҷик» – маҷмӯаи осори адибони тоҷик дар бораи Қаҳрамони Тоҷикистон Ш.Шоҳтемур ва маҳсули таҳқиқоти ӯ дар бойгониро таҳти унвони «Помир, 1937» ба чоп расонд. Соли 2013 китобҳояш «Достони муаллим» ва «Шириншо Шоҳтемур дар таърихи эҳёи давлатдории тоҷикон» (ба забони русӣ) аз чоп баромаданд. Мазҳакаи адиби машҳури сербӣ Бронислав Нӯшич «Депутати халқӣ» (2009), «Дӯстам Тембо»-и С.Сахарнов (1987) ва «Мбулуи заррин» (ҳикоёти халқии Гвинея Биссау, 1988) дар тарҷумаи ӯ ба чоп расидаанд.

  • Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999);
  • Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ.[1]
  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 35 ISBN 978-99947-2-379-9