Қурбон Восеъ
Қурбон Восиев | |
Таърихи таваллуд | 2 июл 1942 (82 сол) |
Зодгоҳ | деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ |
Фазои илмӣ | адабиётшиносӣ |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Қурбон Восиев (Қурбон Восеъ; тав. 2 июли 1942, деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ) — адабиётшиноси тоҷик, доктори илмҳои филология (1993), академики Академияи илмҳои педагогӣ-иҷтимоии Русия (1998), профессор (2003).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Омӯзишгоҳи педагогии Хуҷанд (1960) ва УДТ (ҳоло ДМТ; 1972). Муаллими мактаби миёна ва хидмат дар сафҳои Артиши Шӯравӣ (1962 – 67), муаллими мактаби миёнаи № 33 Душанбе, раиси иттиҳодияи муаллимони забон ва адабиёти Душанбе (1972–78), сафари хидматӣ дар Афғонистон (1978 – 82), дотсенти кафедраи таърихи адабиёти факултаи филологияи УДТ (1982–86), докторанти Институти шарқшиносии АИ Русия (1990–91), мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991–92), мудири кафедраи забонҳои Академияи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (1992–97), мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000– 2007). Аз соли 1997 мудири кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ҳамзамон аз 19 июли 2002 то январи 2014 раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон. Аз 3 ноябри соли 2014 профессор муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ба қалами Қурбон Восеъ зиёда аз 500 мақолаи илмӣ-оммавӣ, 57 китоб, 9 монография тааллуқ дорад. Қурбон Восеъ муҳаққиқи осори адабиёти ҷавонмардӣ дар адабиётшиносии Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад. Дар ин бахши фаъолияти илмӣ ва эҷодӣ монографияҳову рисолаҳо аз қабили «Номаи ҷавонмардӣ» (1985), «Ойини риндӣ ё Маслаки Ҳофиз» (1991), «Литература джавонмарди» (1995), «Чаҳор китоби насри ҷавонмардӣ» (2000), «Ҳашт манзар» (2002), «Таджикская рыцарская литература» (2004), «Адабиёти ҷавонмардии форсу тоҷик» (2007), «Сарчашмаҳои адабиёти ҷавонмардӣ» (2008), «Рисолаҳои ҷавонмардӣ» (2010) ва ғ. ба табъ расонд. Ҳамчунин ӯ китобҳои «Достони Амир Арслон» (1989), «Футувватномаи султонӣ», «Ахлоқи Муҳсинӣ», рисолаи «Ҳотамия»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ (1991), «Абумуслимнома» (ҷ-ҳои 1 ва 2, 1994), «Доробнома» (2002), «Девони Насимӣ» (2005), «Тазкираи шуарои муосири Ҳирот» (2005), «Футувватномаи султонӣ»-ро (нашри мукаммалгардида, 2010) таҳия намуда, ба нашр расонд. Қурбон Восеъ инчунин барои таълим ва рушди адабиёти тоҷик ҳамчун омӯзгор монография ва дастурҳои методӣ: «Албому схемаҳо оид ба рӯзгор ва ҳаёти устод Айнӣ» (1985), «Программаи адабиёти Шарқи хориҷӣ» (1988), «Дарси мунозиравии адабиёт» (1992), «Абумуслими Хуросонӣ» (воситаи таълим барои донишҷӯён, 2002), «Инсонгароӣ аз назари Аттор» (дастури методӣ, 2009) ва «Дар қаламрави шеъри ҷонпарвар» (2001)-ро таълиф намудааст. Дар таълифоташ, аз ҷумла дар китобҳои «Ринди ҷавонмардӣ» (1986, дар бораи Ҳофизи Шерозӣ ва ашъори ӯ), «Зинданом» (1986; маҷмӯаи мақолаҳо дар бораи чеҳраҳои илму фарҳанг), «Аз гузашта сабақи таърих бардорем» (1999; маҷмӯаи мақолаҳои публитсистӣ), «Иқболнома» (Исломобод, 1999), «Сиёсатмадори таърихнигор» (дар ҳошияи зиндагиномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 2003) ҷавҳари зиндагиву фаъолияти шахсиятҳои бузурги илму фарҳанг ва сиёсатро манзури хонандагон гардондааст. Дар китобҳои дар бораи Ваҳдат ва истиқлоли миллӣ таълифкардаи Қурбон Восеъ: «Сиёсати давлатӣ ва ваҳдати миллӣ», «Ваҳдат ва истиқлол», «Ваҳдат зевари давлати миллӣ» (иборат аз се ҷилд, ҳар се 2012) ҷавҳари ваҳдати миллии тоҷикон таҳқиқ ёфтааст. Нақши Қурбон Восеъ дар интишори асарҳои дастаҷамъонаи «Назарияи Ваҳдат» ва асари 20-ҷилдии «Ваҳдат, давлат, президент» бузург аст.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Қурбон Восеъ бо шаш медали собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва Афғонистон (1965, 1978–82, 1986–90, медали 10-солагии Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003) сарфароз гардидааст. Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1996). Узви ИЖ Тоҷикистон ва ИН Тоҷикистон аз соли 2001.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Амонов Р. Муҳаққиқи асрори ҷавонмардӣ//Адабиёт ва санъат, 28.6.2002;
- Муҳаққиқон дар шинохти Қурбон Восиев//Ҳамрози ҷавонмардон. Д., 2006.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Восиев Қурбон / Р. Восиева // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.