Қутбманор
![]() |
Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, № 233 рус. • ингл. • фр. |
Ёдмон | |
Қутбманор | |
---|---|
![]() | |
Кишвар | |
Высота | 72,5 м[1] |
Мавод | red sandstone[d][1] |
![]() |
Қутбманор (ё Қутубминор, ҳиндӣ: क़ुतुब मीनार) — баландтарин манораи хиштӣ дар ҷаҳон. Дар Деҳлӣ (ноҳияи Меҳраулӣ) аз ҷониби наслҳои ҳокимони Салтанати Деҳлӣ сохта шудааст.
Пешина[вироиш]
Ба сохтмони Қутбманор аввалин ҳокими мусалмонтабори Ҳинд Қутбуддин Айбак оғоз мебахшад. Сабаби бунёди Қутбманор Манораи Ҷами Афғонистон буд. Қутбуддин чун аз зебоии Манораи Ҷам шефта гашт, қарор дод, ки манораи аз он ҳам зеботар бунёд намояд. Таҳкурсии Манораи Қутбманор соли 1193 гузошта шуд, вале бо сабабҳои гуногун сохтмони он як муддат қатъ гардид. Баъдан, ҳангоми ҳукмронии вориси Қутбуддин - Илтутмиш, сохтмони Қутбманор идома ёфта, соли 1368 сохтмонаш анҷом ёфт[2].
Мушаххасот[вироиш]
Қутбминор бо баландии 72,5 метр ва 379 зинаи худ баландтарин манораи хиштӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Манораи Қутбманор панҷқабата буда, дар ҳудуди масҷиди куҳантарини Ҳиндустон — Қуввату-л-ислом қомат афрохтааст. Дар сохтмони он аз регсанги сурх истифода бурда, қабати сеюмашро мармарӣ кардаанд. Замоне манора дорои гунбаз низ буд, вале бар асари заминларзаи соли 1803 он фурӯ рехт. Мутаассифона, гунбазро барқарор накарданд ва то ҳол гирду атрофи манора пур аз қисмҳои порашудаи он мебошад.
Қутри асоси манора 14,3 метр буда, қисмати болои он бориктар мешавад. Аз ин рӯ, қутри қабати панҷум ҳамагӣ 2,7 метрро ташкил медиҳад. Девори манора кандакорӣ шуда, бо ояҳои Қуръон оро ёфтааст.
Манораи Қутбманор дар шаҳри Деҳлӣ ҷой гирифта, аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун Мероси фарҳангии ҷаҳонӣ эътироф гаштааст.
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ 1.0 1.1 http://whc.unesco.org/en/list/233
- ↑ Ш. Шокир. Қутб-Минор — манораи баландтарини хиштӣ, Ҷумҳурият (6 феврали 2016).
Адабиёт[вироиш]
- Дели / Н. Н. Алексеева, Е. М. Гороховик, О. П. Дешпанде, Н. Р. Лидова, А. Л. Сафронова // Григорьев — Динамика. — М. : Большая российская энциклопедия, 2007. — С. 469. — (Большая российская энциклопедия : [в 35 т.] / гл. ред. Ю. С. Осипов ; 2004—2017, т. 8). — ISBN 978-5-85270-338-5.
Пайвандҳо[вироиш]
- Entry in the UNESCO World Heritage Site List
- Quwwat Al-Islam Mosque
- www.world2see.ru: Кутуб-Минар
- Corrosion resistance of Delhi iron pillar
- Nondestructive evaluation of the Delhi iron pillar Current Science, Indian Academy of Sciences, Vol. 88, No. 12, 25 June 2005 (PDF)
- Подборка фото Кутуб-Минара
- Photo gallery of the Qutb complex
- http://www.haim.ru: Кутаб-Минар (Кутб-Минар).