Қутбуддин Унсии Гунободӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қутбуддин Унсии Гунободӣ

Сайид Қутбуддини Унсӣ (форсӣ: سید قطب‌الدین اُنسی‎; ? — 1517) — ориф[1], шоир ва донишманди форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Ҳирот зиндагӣ ва эҷод кардааст. Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти эҷодии шоир тазкираи «Маҷолису-н-нафоис»-и Навоӣ маълумот медиҳад. Ӯ соҳиби достони «Лайлӣ ва Маҷнун» ва қасоиду ғазалиёт будааст. Аз достонаш хабаре нест, вале қасоиду ғазалиёти ӯ дар ҷунгу баёзҳо ва тазкираҳо бисёр дучор меоянд. Унсурӣ бо Ҷомӣ ва Навоӣ ошноӣ дошта, дар бораи онҳо боэҳтиром сухан кардааст:

Хуш он ки паҳлӯи қам чун баргқои наргис,
Ҷамъе нишаста бошанд, Ҷомӣ дар он миёна.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. قطب الدین اُنسی جُنابَدی. rasekhoon.net. 29 апрели 2024 санҷида шуд.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Унсӣ / С. Асадуллоев // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).