Jump to content

Қуфли румӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Қуфли румӣ».

1. Аз оҳангҳои тақвимӣ, маросимии замони Сосониён (222-651).

2. Аз силсилалаҳнҳои (сигона, лаҳни 15-ум) Борбади Марвазӣ (598-99-628-38), ки барои Хусрави Парвиз (591-628) сохтааст.

Чу «Қуфли румӣ» овардӣ дар оҳанг,
Кушодӣ қуфли ганҷ аз Руму аз Занг.

(Низомӣ)

3. Аз сурудҳои маъмули ҷашнии мардумони Марву Рай Бухоро (ас.10-12):

Суруди «Қуфли румӣ», понздаҳумин дон,
Даҳу шаш «Ганҷи Бодовард» ҳамедон.

(Баҳор)

4. Гӯшаи муҳими мусиқӣ дар таркиби мақоми «Зерафкан» («Дувоздаҳмақом», ас.13-14):

Булбул ҳамесарояд чу Борбад,
«Қолус»-и «Қуфли румӣ»-ву Ҷолинус.

(Унсурӣ)

5. Гӯшаи тараннумӣ дар таркиби мақоми «Зерафкан» («Дувоздаҳмақом», ас.15-16). Минбаъд дар манобеи хаттӣ «Қуфли румӣ» ба сифати гӯша, шохаи тавсифӣ ёд нашудааст.

Анҷуманорои Носирӣ, Теҳрон, 1294; Баҳо-ри Аҷам, Деҳлӣ, 1284; Фарҳанги Ананд Роҷ, Лакҳнав, 1892; Бурҳони қотеъ, Теҳрон, 1330-1335; Низомӣ, Кул-лиёт, Теҳрон, 1374; Фарҳанги форсӣ, Теҳрон, 1963; Фа-рҳанги Амид, Теҳрон, 1966; Фарҳангномаи мусиқии Эрон, Теҳрон, 1376; Машҳун Ҳ. Таърихи мусиқии Эрон,ҷ.1, Теҳрон, 1373; Фарҳанги Деҳхудо,Теҳрон, 1377.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 116 ISBN 978-99947-49-13-3